Дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи корхонаи муштараки «Зарафшон» 13,6 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон» дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ба маблағи 1 млрд 794 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2019 683,6 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра ҳиссаи корхона дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 13,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин бора зимни боздиди Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода аз корхонаи мазкур таъкид карда шуд.
ҶДММ корхонаи муштараки «Зарафшон», воқеъ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд азимтарин корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдани ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо ҳайати масъулин инчунин аз қитъаҳои конҳои тилло ва миси «Тарор», «Ҷилав», нақби обгузар дар мавзеи Моғиёндарё, партовгоҳи №2 ва №3, фабрикаҳои бойгардонии №1, №2 ва №3 ва аз интихоби мавзеи сохтмони заводи металлургӣ дидан намуданд.
Мақсади боздид аз минтақаҳои корӣ-ин оқилона ва самаранок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Зимни боздид аз минтақаҳои корӣ ба фаъолияти ҷамъият шинос шуда, оид ба талаботи ягонаи қоидаҳои коркарди конҳо ба роҳбарияти ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” баҳри самаранок истифода бурдани захираҳои конҳои болозикр бо риояи қоидаю талаботи амалкунандаи соҳавӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Барои татбиқи марҳилаи дуюми кони «Тарор» сохтмони иншооти гидротехникӣ (нақби обпарто) бо дарозии 960 метр ва андозаи нақб 19,4 м2, бо мақсади ҷойгир намудани ҷинсҳои кӯҳии холӣ оғоз гардидааст.
Дар айни замон дар ҷамъият 2107 нафар коргарон фаъолият намуда истодаанд. Иқтидори истихроҷ ва коркарди солонаи маъдан дар ҷамъият 5,5 млн. тонна буда, 83,0 фоизи маъдан аз кони тилло ва миси «Тарор» истихроҷ карда мешавад.
Фулузоти истеҳсолнамудаи ҷамъият пурра ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҳиссаи ҷамъият дар маҷмӯи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо 77 фоизро ташкил медиҳад.










Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






