Дар Муъминобод машварати августии кормандони соҳаи маориф доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Эмомалӣ Сайдамиров машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Нахуст роҳбарияти ноҳия ва ҳозирин аз маҳсули ҳунари дастии омӯзгорону хонандагон боздид ба амал оварданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод Олим Табаров оид ба бурду бохти соҳаи маорифи ноҳия дар соли хониши 2019-2020 ҳисобот пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки кормандони соҳаи маорифи ноҳия фаъолиятро баҳри татбиқи муваффақонаи сиёсати бобарору умедбахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Олим Табаров иброз дошт, ки ҷомеаи омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пешгирии ҳама гуна омилҳои номатлуб, тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад.
Раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода оид ба вусъати фаъолият дар давраи пандемия, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тавсияи табибон ва дигар тадбирҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баъдан як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони соҳа, ки зимни фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод сарфароз гардонида шуданд.








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад






