ДИҚҚАТ! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, ихтироъкорӣ ва барномасозӣ озмун эълон менамояд

Август 7, 2020 13:20

 ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, ихтироъкорӣ ва барномасозӣ барои соли 2020 озмун эълон менамояд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомон, бастакорон, режиссёрон, меъморон ва санъаткорон таъсис дода шудааст.

Барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷавононе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушду инкишофи соҳаи худ дар мамлакат саҳми босазо гузоштаанд, метавонанд ба таври инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар озмун иштирок намоянд. Синни довталабони Ҷоиза дар рӯзи пешбарӣ набояд аз 30 боло бошад.

Ҷоизаи мазкур мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 сол як маротиба дода мешавад.

Довталабон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6 ва ё почтаи электронии: zubaydullo_1981@mail.ru муроҷиат намоянд.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 23 сентябри соли 2020, соати 14:00 муайян шудааст.

Телефон барои тамос (+37) 2363726, 236,7815, 901 10 43 96

Август 7, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид