Доир ба медиалингвистика ва услубшиносӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Август 27, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 27.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 2223 октябри соли 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар пояи кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика дар мавзўи «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор менамояд. Дар ин бора аз факултети журналистикаи ДМТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки дар конференсия доир ба мавзӯъҳои  «Асосҳои услубшиносӣ ва таҳаввули он дар илми забоншиносии тоҷик», «Медиалингвистика – парадигмаи нав дар омўзиши забони ВАО», «Матни журналистӣ ҳамчун категорияи асосии медиалингвистика», «Матни муосири журналистӣ дар шароити рушди журналистикаи конвергентӣ», «Нақши ВАО дар таҳаввулоти луғавӣ-услубии забони тоҷикӣ», «Меъёри забони адабӣ ва забони воситаҳои электронии  ахбори омма (радио, телевизион,  Интернет)», «Масъалаҳои одоби муҳоварат ва ҳусни баён дар ВАО-и муосир», «Забони ВАО – омили асосии таъсиррасон ба тафаккури ҷомеа”, “Матбуоти муосир ва услуби таҳияи маводи интернет-газетаҳо», «Масъалаҳои тарҷумаи маводи матбуоти даврӣ» ва «Мавқеи реклама дар системаи ВАО: моҳият, вазифа, намудҳо ва воситаҳои он» аз ҷониби иштирокчиён марӯзаҳо хонда шаванд.

Дар Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ манзур шуда, хоҳишмандон метавонанд маводи худро ба суроғаи электронии light_angel-65@mail.ru ва french78@mail.ru ирсол намоянд.

Маводе, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то 25 сентябри соли 2020 ба Кумитаи тадорукот ирсол гарданд.

Август 27, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд