«Спитамен Бонк» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маркази нави хизматрасонӣ ифтитоҳ намуд

Август 12, 2020 08:52

ДУШАНБЕ, 12.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Спитамен Бонк» дар ноҳияи Ҷабббор Расулов маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.

Кушодани маркази хизматрасонии бонкӣ ​​дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.

Маркази хизматрасонии навтаъсиси «Спитамен Бонк» дар  ҷамоати «Гулхона», кӯчаи Алиназаров, дар наздикии бозори «Ашроф» ҷойгир шудааст.

Директори филиали «Спитамен Бонк» дар шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Мусоев иброз дошт, ки ҷойгиршавии муносиб ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати бонкӣ ба мизоҷон аз афзалиятҳои асосии ин нуқтаи хизматрасонӣ хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки соли равон «Спитамен Бонк» шумораи нуқтаҳои хизматрасонии худро ба таври назаррас зиёд намуда, 11 маркази хизматрасони инав кушод ва фаъолияти худро дар ин самт идома доданист.

Август 12, 2020 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид