Дар Душанбе ба поси хотири академик Муҳаммад Осимӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд

Август 25, 2020 14:22

ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикитон мизи гирди байналмилалии илмии «Илм, олим ва ҷомеа: дирӯз ва имрӯз», ки ба 100-солагии зодрӯзи президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, лауреати Мукофоти байналмилалии ба номи Ҷ. Неру, Раиси Ассотсиатсияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши таърихи Осиёи Марказӣ, асосгузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ академик Муҳаммад Осимӣ бахшида шуда буд, доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз ҷараёни ҳамоиши байналмилалӣ гузориш медиҳад, ки мизи гирдро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Номбурда дар бораи мақоми илми тоҷик дар давраи роҳбарии академик М. Осимӣ, рушди илмҳои бунёдӣ ва гуманитарӣ, инчунин омода кардани кадрҳои илмӣ ва хидмати ин олими барҷастаи тоҷик дар рушди илми академикӣ ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки миллати моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз ба туфайли осори гаронбаҳои олимону адибонаш мешинохтанд. Дар ҳамаи давру замонҳо олимону адибони тоҷик машъалафрӯзи ҳаёти мардум буданд ва роҳи тараққию созандагиро мунаввар месохтанд. Ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ низ олимон дар хизмати халқу ватани худ буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша барои пешрафту тараққӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва болоравии эътибори давлатамон дар сатҳи байналхалқӣ кӯшиш менамоянд.

«Яке аз чунин нафарон олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ мебошад, ки дар тӯли фаъолият ва ҳаёти пурбаракат барои рушд ва нумуи соҳаҳои мухталифи илм саҳми арзанда   гузоштааст. Корнома ва ташаббусҳои академик Осимиро имрӯзҳо олимону равшангарони тоҷик, ки аксари онҳо дастпарварони мактаби бузурги ӯ ҳастанд, идома дода истодаанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои беназир ва шоистаи Муҳаммад Осимиро қадр карда, соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба номи ин олими неруманд гузоштанд. Ҳамин тавр, хотираи неки Муҳаммад Осимӣ дар қалбҳои мардуми  Тоҷикистон абадӣ мемонад», — иброз намуд президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ.

Сипас табрикоти видеоии олимони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла  Америка, Франсия, Ҳиндустон, Эрон, Беларус ва Ӯзбекистон манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Дар идома академикҳо Акбар Турсон, Собит Неъматуллоев, Кароматулло Олимов, Мамадшо Илолов, Нуриддин Қаюмов, Талбак Назаров, Мӯсо Диноршоев ва Оқоназар Ақназаров дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин фарзанди баруманди миллати тоҷик- академик Осимӣ, хидмати ӯ дар пешрафти шарқшиносии тоҷик ва ҷаҳон, пешравии илми бунёдӣ, саҳми олим дар рушди илмҳои гуманитарӣ, пешрафти илму маориф ва нақши ин  донишманди камназир дар ташаккули забони баёни китобҳои дарсии физика, ҳамчунин сохтани муодилҳои тоҷикии истилоҳоти физика маърӯза намуданд.

Аз ҷумла академик Акбар Турсон аз суҳбату вохӯриҳо бо ин муҳаққиқи неруманд хотираҳо нақл карда, хулоса намуд, ки Муҳаммад Осимӣ намунаи ватандӯстиву милатшиносӣ ба ҳисоб рафта, хислатҳои наҷиби ин марди бузург ҳамчун муҳаққиқ ва омӯзгори асил фаромӯшнашуданӣ ва ҷовидонист.

«Академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун олими файласуф ва заковатманд барои боло бурдани обрӯю эътибори миллати тоҷик ва илми академикӣ мубориза бурданд. Он кас на миллатчӣ, балки миллатдӯсти асил ва интернатсионалисти воқеӣ буданд. Тамоми фаъолият ва осори устод Осимӣ ба ҳайси як олими шарқшинос ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамгироии илмӣ ва таъсири мутақобилаи самарабахши фарҳангҳо бахшида шуда буд. Асарҳое, ки аз устод Осимӣ боқӣ мондаанд, бештар бо тарҳи проблемаи илмӣ, дарбаргирии маъхазҳои аслӣ ва дар назар гирифтани дурнамои илмӣ фарқ мекунанд. Бинобар ин, онҳо ҳамеша дорои аҳамият мебошанд ва дар ганҷинаи маънавии миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса доранд,-илова кард академик Кароматулло Олимов.

«Ин олими барҷаста на фақат дар таърихи илми академии тоҷик, балки дар бунёд намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таълимӣ, сарварию баргузоркунии бисёр ҳамоишҳои сатҳи баланди фарҳангӣ хидмати мондагор намудааст. Дониши васею назари таҳлилии ӯ дар ҷараёни баргузории ҳамоишҳои бонуфузи илмию адабии дар Тоҷикистон, Иттиҳоди шӯравӣ, кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупо баргузоршуда назаррас буданд ва иштирокдорон ӯро ба сифати донишманди назарфароху таҳлилгар, дорои диду хоси олимона мепазируфтанд»,-изҳор дошт профессор Аскаралӣ Раҷабов.

Ёдовар мешавем, ки академик Муҳаммад Осимӣ барои хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени Ленин, ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Револютсияи Октябр», «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст.

Август 25, 2020 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад