Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шарикон аз Ҳиндустон муаррифӣ гардиданд

Август 18, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни вебконфронс ба шарикон аз Ҳиндустон муаррифӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вебконфронс бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» дар сиғаи онлайн доир шуд. Ҳадафи аслии он муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон буда, дар кори он роҳбарону мутасаддиёни ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин вебконфронс раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ва ассотсиатсияҳои «Мададгор ба рушди ташкилоти сайёҳии Тоҷикистон», «Сайёҳии экологии фарҳангии Помир», «Шӯрои туризми Зарафшон», ширкатҳои сайёҳии «Ориент Адвентур» ва «Артуч» намояндагӣ карданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода аз баргузории чунин конфронси мутақобилан судманд миёни кишварҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Ҳиндустон истиқбол намуда, имкониятҳои фарохи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шарикони ҳиндустонӣ муаррифӣ намуд.

Зикр шуд, ки Ҳиндустон яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб рафта, ду давлат бо ҳам робитаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ доранд. Айни ҳол, таваҷҷуҳи хоссаи кишварҳо ба соҳаҳои ҳаётан муҳим афзуда истода, дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ яке аз самтҳои калидии рушди муносибатҳои ҳамшарикӣ мебошад. Дар ин радиф, сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок метавонад яке аз воситаҳои муҳим ҷиҳати тавсеаи ҳамкории судманд интихоб гардад.

Зимни конфронс зикр гардид, ки Тоҷикистон бо таърихи бою пурғановат, фарҳанги ғанӣ, мардуми меҳрубону меҳмоннавоз, расму оинҳои қадимию фалсафӣ ва ҷашну маросими гуногун сарзамини ҷаззоб барои сайёҳон маҳёсуб шуда, қатторкӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои зебо, шаршараҳои назаррабо, дарёҳои хурӯшон, рӯдхонаю чашмаҳои оби мусаффо, пиряхҳо, манзараҳои дилфиреб ва меваю сабзавоти табиияш давлати моро ба беҳтарин макони саёҳату сафар мубаддал намудаанд.

Дар интиҳои вебконфронс иштирокчиён оид ба роҳҳои рушди ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд.

Август 18, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид