ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард
ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе анҷумани VIII Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо овоздиҳии якдилонаи 160 нафар вакил раиси ҳизби мазкур Рустам Раҳматзода номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар анҷуман Рустам Раҳматзода маърӯза намуда, зикр кард, ки ҳадафи асосии ӯ дар барномаи пешазинтихоботӣ рушди иқтисод ва кам кардани камбизоатӣ дар мамлакат мебошад.
Рустам Раҳматзода дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст иштирок мекунад. Номбурда ду маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Дар мамлакат интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад. То имрӯз аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳизб: ҳизбҳои аграрӣ, сотсиалистӣ, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта, ҷонибдори татбиқи ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди сиёсати саноатӣ ва ҳалли мушкилоти молиявӣ мебошад. Аз соли 2019 роҳбарии ҳизби мазкурро Рустам Раҳматзода ба уҳда дошта, то ба ҳол ҳизби мазкур бо 31 600 аъзо фаъолият дорад.