Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 06.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тахминан соати 4-и субҳи санаи 6-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст.
Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.








Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






