«Камол дар оинаи пажӯҳиш». Ҷилди дуюми ин асар ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҷилди дуюми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» -ро таҳти унвони «Камол дар оинаи пажӯҳиш» ба нашр расонид. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Китоби «Камол дар оинаи пажӯҳиш» аз 566 саҳифа иборат буда, дар он зубдаи асарҳои камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 гирдоварӣ шудааст. Китоби мазкур аз тарафи адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия гардида, тавассути нашриёти «Хуросон» бо сифати баланд ва қобили таваҷҷуҳ ба табъ расидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» қаблан ба нашр расида буд. Нашри ин китобҳо беҳтарин дастовард ба ифтихори 700-умин солгарди Камоли Хуҷандӣ маҳсуб мешавад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






