«КАЗИНФОРМ» 100-СОЛА ШУД. АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро бо ин ҷашн табрик намуд

Август 13, 2020 15:48

ДУШАНБЕ, 13.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» 13 августи соли 2020 100-сола шуд. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкасбони  худро бо ҷашни 100-умин солгарди таъсиси АИБ «Казинформ» табрик  гуфт.

13 августи 1920 дар назди Кумитаи иҷроияи марказии умумииттифоқӣ  шуъбаи Оренбург-Тургайи Агентии телеграфии Россия (РОСТА) таъсис дода шуд. Дар оянда номи агентӣ чанд маротиба тағир ёфт  ва он  КирРОСТА, КазРОСТА, КазТАСС номгузорӣ шуд ва аз соли 1937 ба ин тараф бо номи КазТАГ, ҳамчун як қисми ТАСС — Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекард.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҚазТАГ аз Агентии иттилоотии назди Шӯрои вазирон ба Агентии давлатии иттилоотии Қазоқистон бо номи қаблӣ табдил ёфт. Аллакай моҳи ноябри соли 1997, дар заминаи КазТАГ, Агентии иттилоотии Қазоқистон «KaзAAГ»  таъсис ёфт. Минбаъд дар  соли 2002, дар заминаи агентӣ, ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати миллии Агентии иттилоотии Қазоқистон  ба вуҷуд омад.

Ин дигаргунӣ дар таърих охирин набуд —  соли 2019, дар якҷоягӣ бо ҶС Казконтент, ҷамъияти саҳҳомии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» таъсис дода шуд, ки то ҳол ҳамчун як ширкати рассонаии холдингии алоҳида фаъолият мекунад.

Айни замон «Казинформ» — агентии пешбари иттилоотии давлатӣ мебошад ва дар Қазоқистон аввалин шуда мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар тӯли 100 сол он обурӯи худро ҳамчун манбаи мӯътамад ва таъҷилии иттилоот дар соҳаи  сиёсат, иқтисод, маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг ва дигар соҳоти калидии фаъолияти ҷомеа нигоҳ доштааст.

Бояд зикр  кард, ки шабакаи хабарнигории «Казинформ» дар байни агентиҳои иттилоотии ватанӣ ҳамто надорад: 15 хабарнигори он дар тамоми минтақаҳои кишвар, инчунинин намояндагиҳои хориҷии он дар Россия, Чин, Туркия, Аврупо, Озарбайҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Иордания фаъолият мекунанд ва ба Агентӣ имкон медиҳанд, ки дар шакли онлайн маълумоти воқеӣ ва мукаммалро оид ба  ҳодисаҳои кишвар ва ҷаҳон пахш намояд.

Имрӯз «Казинформ»  дар рейтинги захираҳои интернетии иттилоотии Қазоқистон дар TOP-10 шомил мебошад. Дар як шабонарӯз зиёда аз  100,000 нафар ба сомонаи он ворид мешаванд. Миқёс ва ҷуғрофияи истифодабарандагони сомона   229 кишвари ҷаҳонро дарбар мегирад.

АИБ «Казинформ» узви Шӯрои агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ, Ассотсиатсияи байналхалқии агентиҳои иттилоотии ТАИОУО (Ташкилоти агентии иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором), Ассотсиатсияи Агентиҳои миллии иттилоотии Давлатҳои аъзои ИДМ (AАМИ), Ташкилоти Агентиҳои иттилоотии кишварҳои туркзабон (TKA), Ташкилоти байналмиллалии рушди муштараки фарҳанг ва санъат ТУРКСОЙ, Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии матбуоти русӣ (ВАРП), Ассотсиатсияи ҷаҳонии рӯзномаҳо (WAN IFRA) мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Тоқаев имрӯз ҳайати кормандони АИБ «Казинформ» -ро бо 100-умин солгарди таъсиси Агентӣ табрик намуд.

“Муҳтарам кормандони Агентии «Казинформ»! Шуморо ба муносибати  100-солагии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» самимона табрик мекунам! Агентӣ роҳи тӯлониро аз «ҚазТАГ», ки насли калонсол онро нағз дар хотир дорад, то ба номи кунунии «Казинформ» тай кардааст.

Агентӣ дар инъикоси бисёр рӯйдодҳои таърихӣ, алалхусус дар муратаб намудани солномаи Истиқлолият саҳми хос гузоштааст. Тамоми ибтикороти Элбаси, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвари мо ҳамеша дар навори хабарии  «Казинформ» инъикос меёбанд”, — омадааст дар табрикоти Сарвари давлат.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон қайд намуд, Агентӣ, ки аз марзи садсолагӣ гузаштааст, дар рушди кишвар  тариқи  таблиғоти сиёсати давлат саҳми бузург гузоштааст. «Казинформ» таъҷилан аҳолиро бо хабарҳои мӯътамад таъмин мекунад, инчунин дар ташаккули нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ширкат  меварзад.

«Ман бар ин назарам, ки рӯзноманигорони Агентии пешбари иттилоотии  Қазоқистон барои заҳматҳояшон ҳамеша сазовори мукофотҳои олӣ мебошанд. Ба кормандони ва собиқадорони Агентӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои беназири эҷодӣ орзумандам. Бигзор хабарҳои хуш боз ҳам зиёд бошанд”! — омадааст дар матни табрикот.

АИБ «Казинформ» — ро инчунин Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин, роҳбарони оҷонсиҳои хабарии «Синхуа» (Хитой), «Азертаж» (Озарбойҷон),    «Ховар» (Тоҷикистон), «Хабар» (Қирғизистон) ва дигарон табрик намуданд.

Дар паёми табрикии директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддик, ки имрӯз ба директори генералии АИБ «Казинформ» Аскар Умаров ирсол намуд, чунин омадааст:

«Муҳтарам Аскар Куанишевич!

«Аз номи АМИТ «Ховар» ва аз номи худам Шумо ва тамоми кормандони АИБ «Казинформ» -ро самимона ба муносибати 100-солагии таъсисёбии яке аз бузургтарин агентиҳои иттилоотӣ дар минтақа табрик мегӯям!

АИБ «Казинформ» на танҳо шоҳиди мустақим ва таърихнависи хастагинопазири гузашта ва имрӯзаи  Қазоқистони дӯсти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, балки иштирокчии фаъоли раванди дастовардҳои кишвари Шумо дар солҳои истиқлолият, оинаи инъикоскунандаи равобити бародарона байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад, ки аз асоси онро ду шахсияти бузург — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Елбаси Нурсултон Назарбоев гузоштаанд.

Бори дигар Шуморо ба муносибати ин рӯзи саид табрик намуда ба Шумо ва коллективи Агентӣ муваффақиятҳои нави эҷодӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно дорам»!

                                                                                       АКС аз бойгонӣ

Август 13, 2020 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд
ИСТАРАВШАН – «ОСОРХОНА ДАР ФАЗОИ КУШОД». Ва ё шаҳре, ки ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандон пазируфта шуд
БА ДӮСТДОРОНИ КИТОБ. Дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
«ДАРВОЗАИ НАВРӮЗ АСТ ҶАШНИ САДАИ МЕҲАН». Дар шаҳри Панҷакент ҷашни Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
«Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва дастрас мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд карда мешавад