Лахш: 75,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш то имрӯз ба масофаи умумии 75,5 километр роҳҳои мошингард, аз ҷумла дар шаҳраки «Ваҳдат» 13 километр, деҳоти «Ҷиргатол» 1,5 километр, «Янгишаҳр» 6 километр, «Пилдон» 6 километр, «Сурхоб» 13 километр, «Сартало» 8 километр, «Қашот» 2,5 километр, «Лахш» 11,5 километр, «Алға» 11 километр ва Ҷамоати деҳоти «Муксу» 7 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш тасмим гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои роҳсозиро идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш бунёди 173 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, аллакай 122 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ноҳия бунёди корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.










Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






