«МАН НАМУРДААМ, АЙ ДӮСТ!..». Таҳти чунин ном китоби нави Шамсия ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 19.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ман намурдаам, ай дӯст» -таҳти чунин унвон китоби ягона адибаи хеле ҷавон ва нодиристеъдод, дорандаи Ҷоизаи ҷаҳонии «Истеъдоди нодир»-Шамсия зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расид.
Дар асар миқдоре аз осор ва рӯзгори ин адибаи фавқулистеъдод, вале маатаассуф ғӯррамарг, фароҳам оварда шуда, ҳамчунин доир ба ҳаёт ва эҷодиёташ зикрномаҳо мунташир гардидаанд.
«Дар як умри кӯтаҳи худ чиҳое, ки аз сар нагузарондаам, чӣ шикасту рехтҳо, ки надидаам ва чӣ шаҳду заҳрҳо, ки начашидаам, ба чӣ парвозу уфтодагиҳо, ки дучор наомадаам…
Гар ин ҳамаро дучор намеомадам, намедидам, намечашидам, дарк намекардам, аз сар намегузаронидам, магар гуфта метавонистам зистаам, умр ба сар бурдаам, зиндагӣ кардаам?..
Бад буд ё хуб, кӯтаҳ буд ё дароз, азони ман буд, зиндагии ман буд, саргузашти ман буд, ки барои ҳамааш шукри беҳад ба Парвардигор…»- китоб бо чунин руҷӯи худи Шамсиябону шурӯъ шудааст.
Шамсия баъди маргаш бо ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаи адабиёт ва санъат қадрдонӣ гардид. То имрӯз 14 асараш ба табъ расида, навиштаҳояш ба забонҳои зиёди олам тарҷума гардидаанд.
Ҳарчанд Шамсия дар рӯи олам камтар аз бист сол умр ба сар бурда бошад ҳам, вале эҷодиёташ дар дохил ва хориҷи мамлакат эътироф шудааст.
Китоби Шамсия «Фоҷиаи рӯдбори зиндагӣ» бо мадади чор ташкилоти байналхалқии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташкилоти вобастаи Созмони Милали Муттаҳид (бо ибтикори СҒД «Истиқбол») дар чопхонаҳои Аврупо бо забони тоҷикӣ мунаққашу хушнамуд нашр шуда буд.
Баъди марги Шамсия бо дастгирӣ ва маблағгузории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби машҳури Шамсия «Дар соҳили зиндагӣ» ба нашр расида, ҳамаро шефтаву баста кард.
Пас аз вафоти ин эҷодкори нозукбаёну боистеъдод сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Вечерний Душанбе» Саидалӣ Сиддиқ чунин нигошта буд:
«…Аз ҳама ҷавонтарин ва зеботарин адиба миёни нависандагони боистеъдоди Тоҷикистон- Шамсия дунёи фониро падруд гуфт… Вале одамон ҳанӯз ҳам ҳикояҳои ӯро мутолиа мекунанд. Қаҳрамонҳои ӯ ҳамроҳ бо андешаҳои зиндагӣ ба пеш гом мебардоранд, ба назди аҳли ҷомеа мераванд, мехоҳанд аз танҳоии худ озод ва растагор шаванд, мехоҳанд одамонро дӯст доранд ва худ дӯстдошта бошанд…
Ӯ оламро падруд гуфт, вале номи ӯ, асарҳои ӯ ва хотираҳояш аз ёдҳо ҳаргиз зудуда нахоҳанд гашт…».
Бале, хотираи неки ин адибаи забардасти тоҷик дар ёду қалбҳои ҳаводорони эҷодиёти ӯ абадан боқӣ хоҳад монд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид






