«МЕХОҲАМ БОРИ ДИГАР ОН ҶО БОШАМ…». Ҷаҳонгарди аврупоӣ Софи Робертс хотироти ҷолиби хешро доир ба Тоҷикистон дар «Файнаншл Таймс» нашр намуд

Август 11, 2020 13:33

ДУШАНБЕ, 11.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. «Мехоҳам бори дигар онҷо бошам: фаротар аз роҳҳои ҳамвори Тоҷикистон», ҷаҳонгарди аврупоӣ хонум Софи Робертс хотироти ҷолиби хешро доир ба ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон зери ин сарлавҳа дар сомонаи рўзномаи байналмилалии  «Financial Times» («Файнаншл Таймс») аз 7 августи соли ҷорӣ  нашр намудааст.

Мавриди ёдоварист, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот моҳи декабри соли 2019 сафари ҷаҳонгард Софи Робертс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҷаҳонгард Софи Робертс дар матлаби худ зикр менамояд, ки зимни сафари худ ба Бадахшон ӯ аз маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар гузар намуда, бо мавзеъҳои фарҳангии ин диёр, хусусан Аҷина-теппа аз наздик шинос гардида, бо нархи баробар ба ду доллари ИМА чойники зебо барои худ армуғон мехарад. Нақл мекунад, ки маҳз пайкараи Буддои дарозхобидаро, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба ҳисоб меравад, соли 1966 аз ҳамин теппа пайдо намудаанд. Айни ҳол пайкараи дарозкашидаи Буддо дар Осорхонаи миллии бостошиносии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шудааст.

Номбурда ба ҳамон ковишгоҳи Буддо ташриф оварда, нақл мекунад, ки қаблан он ҷо мори азимҷуссае зиндагӣ мекардааст. Софи Робертс аз шабгузарониаш дар хонаи яке аз сокинони маҳаллӣ, ороиши деворҳои хона бо сўзанию гулдўзӣ, бо усули махсус ба ҳашт қисм пора намудани анор дар назди меҳмонон аз ҷониби соҳибхона ва шўрбои серғизо, дигар анвои хўрокҳои миллӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона бо завқи том қисса кардааст.

Дар идомаи сафар тариқи Роҳи Абрешим Софи Робертс аз мадрасаи Хоҷа Машҳад дидан намуда, ба сохти бинои он баҳои баланд додааст. Номбурда манораҳои дугоники мадрасаро тавсиф карда, зикр намудааст, ки тарҳи бино мутаносибан ба мақбараи хурди оромгоҳ монанд аст ва пилкҳои чароғҳои гунбаз ба хиштҳои қадимаи девори дохили мадраса нури муҷалло мебахшанд.

Инчунин сайёҳи хориҷӣ дар идомаи хотироти худ аз иқдоми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ ва бо ин роҳ беҳтар намудани шароити иқтисодиёти миллӣ истиқбол менамояд. Ў зикр намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад бо густариши соҳаи сайёҳӣ то соли 2022 панҷ дарсади даромади буҷаи маҷмўи маҳсулоти дохилиро аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ ғанӣ гардонад. Бинобар ин, дар партави ин иқдоми бузург дар самти сайёҳии дохилию хориҷӣ якчанд тағйироти чашмрас ба амал омаданд, аз қабили ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои шаҳрвандони беш аз 100 кишвари дунё, бунёди зерсохторҳои соҳаи сайёҳӣ, ба монанди шоҳроҳҳо, нақбу пулҳо, маҷмўи меҳмонхонаҳои сарироҳӣ (ҳоумстей), меҳмонхонаҳои ҷавобгў ба стандартҳои байналмилалӣ, боғу гулгаштҳо, таъмиру барқарорсозии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ғайраҳо. Ҳамчунин дар қаламрави мамлакат аз соли 2019 то 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки чунин эъломия ҷиҳати рушди минбаъдаи инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Хонум Робертс зикр менамояд, ки нимаи дуюми соли 2019 як қатор ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё ҷиҳати ҷудо намудани 30 миллион доллари ИМА барои рушди инфрасохтори деҳот изҳори омодагӣ кардаанд, ки 15 миллион доллари он барои таъмиру барқарорсозии чор мавзеи таърихию сайёҳӣ ва рушди шабакаи ҳоумстейҳо дар ҳудуди вилоятҳои Хатлону Бадахшон равона мегардид.

Софи Робертс аз шоҳроҳи Помир, ки қад-қади дарёи Панҷ зери қуллаҳои осмонбўси қаторкўҳҳои Бадахшон ва саргаҳи дарёи Ому, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо месозад, саёҳат намуда,  ҳикоят  мекунад, ки қалъаи қадимаи Карон дар мавзеи Қалъаи хумб ва  манзараҳои дилфиреби ин диёр барояш бисёр писанд омадаанд.

Ў оид ба сафари тоҷири машҳури аврупоӣ Марко Поло ба Бадахшон руҷуъ намуда, тазаккур додааст, ки минтақаи Бадахшон бо қуллаҳои сарбафалаккашидааш яке аз ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  аз ҷиҳати покизагии муҳити зист беҳтарин макони экологӣ мебошад ва ин минтақа метавонад дар ояндаи наздик ҷиҳати ҷалби ҷаҳонгардони экологӣ саҳми арзанда гузорад.

Хонум Робертс пас аз сайру сайёҳати афсонавии Роҳи Абрешим ба шаҳри Душанбе баргашта, аз фаъолияти Театри давлатии опера ва балет дидан намуда, ҳамзамон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бузургтарин махзани адаб дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, бо донишҷўёни ташнаи илму маърифат ошно мегардад. Номбурда меафзояд, ки ҷавонони давраи истиқлол ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бениҳоят шавқу рағбати зиёд доранд ва заҳмату талоши онҳоро дар бунёди давлати пешрафтаву муосир баланд арзёбӣ менамояд.

Бо дарназардошти беҳтар гардидани вазъи эпидемологии ҷаҳон Софи Робертс нақша дорад, ки моҳи июли соли 2021 таҳти унвони «Тоҷикистони классик» сафари 14-рўза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Бояд гуфт, ки рўзномаи байналмилалии  «Financial Times» («Файнаншл Таймс») яке аз нашрияҳои бонуфузи ҷаҳон буда, ҳамарўза бо теъдоди беш аз 400 ҳазор нусха дар  Аврупо ва 1 миллион нусха дар сартосари дунё ба табъ мерасад. Қароргоҳи асосии рўзномаи мазкур дар пойтахти Британияи Кабир — шаҳри Лондон мебошад. Хотироти ҷолиби сайёҳи хориҷӣ Софи Робертс бо сархати «Мехоҳам бори дигар онҷо бошам: фаротар аз роҳҳои ҳамвори Тоҷикистон» айни ҳол дар садри феҳристи матолиби серхонандатарини рўзномаи мазкур қарор гирифтааст.

Август 11, 2020 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд