МУБОРАК БОД! Имрӯз Ҳиндустон Рӯзи истиқлолро ҷашн мегирад

Август 15, 2020 12:29

ДУШАНБЕ, 15.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи истиқлолияти Ҳиндустон, ки 15 август ҷашн гирифта мешавад, барои ҳар як шаҳрванди ин давлат  санаи муқаддас аст ва он  аз соли 1947 – маҳз аз замоне, ки мардуми Ҳиндустон истиқлолияти худро аз Британияи Кабир ба даст овард,  таҷлил карда  мешавад.

Истиқлолияти Ҳиндустон

15 августи соли 1947 санади Истиқлолияти Ҳиндустон (Indian Independence Act) эътибори қонунӣ пайдо кард. Инчунин дар ин рӯз сарвазири вақти Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар издиҳоми одамон парчами серангаи Ҳиндустонро боло бардошт. Ин маросим дар Деҳлӣ, дар болои деворҳои Форти сурх сурат гирифт.

Аз он лаҳза, таърихи Ҳиндустон аз нав оғоз шуд — таърихи давлати наву мустақил. Рӯзи истиқлолият ҳамасола дар тамоми шаҳрҳо ва деҳоти Ҳиндустон ҷашн гирифта мешавад. Маросими тантанавӣ ба таври анъанавӣ ва тағйирнопазир  сурат мегирад.

Ҳар дафъа сиёсатмадорон суханронӣ менамоянд, ки дар онҳо таърихи ин ҷашн ва чӣ гуна ба даст омадани истиқлолият ёдрас мешавад.

 Гузаштаи таърихӣ

Ҳамааш бо ташкили хатсайрҳои баҳрии тиҷоративу иқтисодӣ ба Ғарб оғоз ёфт. Пас аз он ки Ҳиндустон чунин иқдом кард, тоҷирони аврупоӣ тасмим гирифтанд нимҷазираҳо ва минтақаҳои наздики Ҳиндустонро тасарруф кунанд. Аллакай дар асри 18  нимҷазираҳо зери ҳукмронии Ан Плохие гузаштанд. Шароити баде, ки бо сиёсати мустамлика таъмин карда мешуд, шӯришҳоро ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, дар асри 19 ҳаракати миллии озодихоҳӣ оғоз ёфт, ки асосан аз ҷониби коргарон ташкил шуда буд. Рӯз то рӯз тазоҳурот зиёд мешуд ва ҳукумати Британия бо ҳар роҳ талош мекард онҳоро боздорад, аммо ин кӯшишҳо самар намедоданд.

Мубориза барои озод шудан аз мустамликаи Англия густариш ёфта, шумораи бештари мардум ба дастгирии иттифоқҳои касаба пайвастанд.

Ин муборизаро шахсияти машҳур Маҳатма Гандӣ сарварӣ мекард. Исми ин шахсият имрӯз ба ҳар як сокини Ҳиндустон ва берун аз он шинос аст.

ДАР АКС: Маҳатма Гандӣ

Боре ӯ ба ҳукумат барои гуфтушунид на бо либоси расмӣ, балки бо либоси одӣ омад, ки он мақомдоронро ба ҳайрат гузошт.

Имрӯзи  таҷлили Истиқлолият

Дар Рӯзи Истиқлолият волиҳо (губернаторон) маросими гуногуни қабул меороянд, ки ба онҳо мақомдорони баландпоя даъват мешаванд.  Созмонҳои  ҷамъиятӣ низ чорабиниҳои идона баргузор мекунанд.

То соли 1950 Рӯзи истиқлолият барои мардуми Ҳиндустон ягона ҷашни давлатӣ  буд. Танҳо ин рӯз дар корхонаҳо ва муассисаҳои шаклҳои гуногун   рӯзи истироҳат эълон мешуд.

ДАР АКС: шодию сурури сарҳадбон дар сарҳади Ҳиндустону Покистон

Рӯзи истиқлолият яке аз ҷашнҳои бузурги миллии Ҳиндустон буда, соли ҷорӣ рӯзи душанбе дар Деҳлӣ бо чораҳои шадиди амниятӣ баргузор мегардад. Тавре ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ки аз хадамоти махсус дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ огоҳӣ гирифтаанд, хабар медиҳад, зиёда аз 50 000 посбонон дар кӯчаҳои Деҳлии нав посбонӣ мекунанд.

ДАР АКС: ҳунарманди Болливуд Шоҳ Рух Хон бо трикори Ҳинд дар Мумбай

P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тамоми дӯстони ҳиндиро бо  иди Истиқлолияти  давлатиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно  менамояд!

Август 15, 2020 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд
Дар Вена дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу мулоқот намуд
Дар Вена масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистону Гурҷистон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба бурсияҳои солҳои 2026–2028-ро ба имзо расониданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шимолӣ иштирок намуд
Масоили рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА иштирок намуд
Дар Берлин рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар машварат оид ба ташаббуси СММ-80 изҳороти муштарак пешниҳод намуданд