НИРУИ БУЗУРГИ ЗЕҲНИЮ ҶИСМОНИИ ДАВЛАТ. 12 август-Рӯзи байналмилалии ҷавонон
ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз соли 1999 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, шурӯъ аз ҳамон вақт то имрӯз таҷлили ин ҷашн ба анъана даромадааст. Вобаста ба ҳаёти имрӯзаи ҷавонон хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН бо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲМОНЗОДА ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ мегуфтед, ки имрӯз ҷавонони саодатманди тоҷик дар пешбурди ҷомеа ва равнақ бахшидани самтҳои гуногуни зиндагӣ чӣ гуна саҳм мегузоранд?
А. Раҳмонзода: Воқеан ҷавонон неруи бузурги фикрӣ ва ҷисмонии давлатро ташкил медиҳанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт мақоми ҷавонон дар ҷомеа боло бардошта шуда, онҳо вобаста ба имконоту шароити мавҷуда дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд. Ҷавонон махсусан дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки бо ин роҳ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд. Ҳоло ҷавонон дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, сохтмон, мақомоти давлатӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ фаъолият доранд. Дар раванди бунёди НБО-и «Роғун» хизмати ҷавонон бисёр назаррас буда, қисми зиёди коргарони ин лоиҳаи асрро ин қишри ҷомеа ташкил медиҳанд. Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ шояд соҳае мавҷуд набошад, ки дар он фаъолияти ҷавонон ба назар нарасад. Дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва фаъолият доранд. Яке аз омилҳои аслии эълон гардидани соли 2017 — Соли ҷавонон маҳз ҳамин рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон мебошад.
Ҷавонон бо кӯшишу ғайрат ва амалҳои созандагии хеш дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Ҷавонони созандаи Тоҷикистон имрўзу фардо низ кўшишу талош менамоянд, ки тамоми ҳастии хешро барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Тоҷикистон, ободиву озодагӣ, шаъну шон ва тақдири насли оянда нисор намуда, парчами сабзи номи пайравони Пешвои миллатро ба ояндагон боқӣ гузоранд.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар мулоқоту суҳбат бо зиёиён ва аҳолии мамлакат дар масъалаи ҷавонон алоҳида сухан гуфта, даъват ба амал меоранд, ки имрӯз ба масъалаи илмомӯзию касбомӯзии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойи кори мувофиқ бояд ҷиддан машғул шуд. Дар ин самт аз ҷониби Кумита чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
А. Раҳмонзода: Эътибори давлату Ҳукумат ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаҳои баланди касбӣ мусоидат намудааст.
Тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси касбӣ дар мактабҳои олию миёнаи касбӣ, ба тарбияи сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон эътибори махсус додан талаби замон буда, яке аз масъалаҳои муҳимтарини таъмини босифати таҳсилот дар шароити глобалии ҷаҳон мебошад. Аз сӯи дигар, зиёд шудани теъдоди идрорпулии хонандагону донишҷӯён ва аспирантон, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумат нисбат ба ин қишри фаъоли ҷомеа ба шумор меравад.
Ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти мамлакат арзёбӣ мегарданд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталиф мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисодиёт маҳсуб мешавад.
Бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони бешуғл, бекор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рўз ба ҳисоб меравад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули соҳа дар ин самт дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Бо мақсади амалигардонии ин самти афзалиятнок дар назди Кумита Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» фаъолияти босамар менамояд.
Баҳри иҷрои вазифаи дар назди сохтор гузошта дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо давра ба давра ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ баргузор карда мешаванд.
Аз ҷониби ташкилоти соҳа ва сохторҳои маҳаллии Кумита баҳри ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021» курсҳои омўзишии гуногун, аз қабили қаннодӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, забономўзӣ, компютер, ороишгари рўй ва мўй, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва кулолгарӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Мегӯянд, ки ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Барои пеши роҳи ин гуна амалҳоро гирифтан кадом нақшаҳо тартиб дода шуда, дар куҷо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидед?
А. Раҳмонзода: Бале, ноогоҳию бетаҷрибагии баъзе аз ҷавонон сабаб мегардад, ки онҳо ба доми ҳамин гуна гурўҳҳои ҷудоихоҳ ва таблиғгарони бегонамазҳабӣ ҳамроҳ шаванд. Ба ин масъала, пеш аз ҳама, мо, насли калонсол бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунем, онҳоро беназорат нагузорем, аз мушкилоташон сари вақт воқиф гашта, ба дардашон марҳам шавем. Барои тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ҳамаи мо- волидайн, муаллимон ва аҳли ҷомеа масъулем.
Таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, он дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Аз шашмоҳаи аввали имсол Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва сўиқасд ба ҷони худ, танфурўшӣ хариду фурўши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар соли 2020 таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷрои босифат ба сохторҳои маҳаллии Кумита ирсол карда шуд.
Дар робита ба ин, 14 феврали соли 2020 бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон» баргузор гардид.
Дар баробари ин моро месазад, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав, инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ роҳандозӣ намоем. Дар ин миён Кумита баҳри амалӣ намудани ин мақсад аз механизму усулҳои нави таъсиррасонӣ, ки фазои холигии ҷавононро пурра менамоянд, кор гирад.
Аз ин хотир аз нимаи моҳи июли имсол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаи футбол байни ҷавонон бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла доир гардида, пеш аз оғози мусобиқа дар баробари ташкили фулбол бо иштирокчиён ва тамошобинон хониши сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин, Кумита тасмим дорад бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон аз 17 август то 31 декабри соли равон тибқи ҷадвали алоҳида дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миёни ҷавонони аз 14 то 16-сола, аз 16 то 18-сола ва падару модарони онҳо хонишҳои сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаи мазкур доир намояд.
АМИТ «Ховар»: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, чӣ гуна ҳамкорӣ ба роҳ мондааст?
А. Раҳмонзода: Кумита дар доираи дастуру супоришҳои Ассгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонӣ, баррасиву мушкилоти донишҷӯёне, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналалӣ маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» таъсис дод, ки то имрӯз намояндагии маҳфил дар 17 давлати дунё ба таври мунтазам фаъолият дорад.
Маҳфил ҷиҳати муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар хориҷи мамлакат, бо маълумоти саҳеҳ фаро гирифтани донишҷӯёну ҷавонони муҳоҷир, барррасии мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар хориҷи ҷумҳурӣ пайваста бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи давлат, диаспораҳои муқими давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон барномаҳои маълумотию иттилоотӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ доир менамоянд, ки дар он шумораи зиёди ҷавонон иштирок менамоянд.
Дар ҳама вохӯриҳои Пешвои миллат бо мақсади ҳамгироии ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта онҳо даъват карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Дар масъалаи ҷалби ихтиёрии ҷавонон барои хизмат ба Ватан кадом воситаҳо муассиранд- додани замин дар деҳотҷой, омӯзонидани ронандагию дигар ҳунарҳо ва ё ташвиқу тарғиб?
А. Раҳмонзода: Ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни мо имрўз бо ҷӯшу хурӯши ҷавонона, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ ҳамеша барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагӣ, бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо бо ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор ва сарбаландона хизмати ҳарбӣ анҷом дода истоданд.
Дар баробари ин, ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дўст доштани Ватанро талаб менамоянд. Танҳо ва танҳо бо қалб парастидани ҳар зарра хоку гулу гиёҳи ин сарзамини муқаддас ва ҳисси беинтиҳову беназири ватандўстӣ имкон медиҳад, ки бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ истодагарӣ намоем, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро анҷом дода, ҷомеаи худро ба пеш ба сўи ободиву пирўзиҳои нав устуворона равона созем.
Дар асл, ватандўстӣ дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ба ҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ фароҳам орад.
Солҳои охир бо бурдани корҳои тағиботиву ташвиқотӣ, баргузории чорабиниҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла додани холҳои иловагӣ ҳангоми дохил шудани ҷавонони хизмати ҳарбиро анҷомдода ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзонидан ва додани ҳуҷҷати ронандагӣ ва дигар намуди ҳавасмандиҳо сафи ихтиёриёнро ба хизмати ҳарбӣ зиёд намудааст.
Вале ин роҳи ҳалли масъала нест. Имрӯз бояд ҳар як ҷавон ҳамчун фарзанди содиқи ин Ватани маҳбуб хуб дарк намояд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат- ин қарзи фарзандӣ ва виҷдонии ӯ маҳсуб ёфта, бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ боло гузорад.
Сидқан Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавони имрӯза бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳад.
Ман бовар дорам, ки ҷавонони сарбаланди тоҷик аз уҳдаи иҷрои ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона мебароянд. Зеро онҳо борҳо собит намудаанд, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои миллат мебошанд.