ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Минбаъд насаб, ном ва номи падар бо кадом тарз дигар карда мешавад, бақайдгирии давлатии он чи тавр сурат мегирад ва умуман ин кор чӣ аҳамият дорад?

Август 8, 2020 08:22

ДУШАНБЕ, 08.08.2020. /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар дода будем, чанде пеш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.  Дар иртибот ба ин хонандагон аз мо суол мекунанд, ки  минбаъд насаби кӯдак чӣ гуна ба қайд гирифта мешавад, ҳангоми ташаккул ёфтани насаби шахс кадом пасвандҳо истифода бурда мешаванд, маблағи ивази ному насаб ва номи падар чӣ қадар аст?

Барои ба ин ва дигар суолҳо посух дарёфтан   хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо Сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Сараввал ёдрас шавед, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» кадом тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд ва мақсад аз онҳо аз чӣ иборат аст?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Чуноне шаҳрвандон огоҳ ҳастанд, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2020  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 26 июни соли 2020 ҷонибдорӣ шуд ва  Президенти мамлакат 4 июли соли 2020  онро ба имзо расониданд. Аз 7 июли соли 2020, яъне пас аз интишори расмӣ он мавриди амал қарор гирифтааст.

Ин тағйиру иловаҳо асосан ба моддаи 20 қонуни мазкур ворид шудаанд, ки он “Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар” ном дорад. Ба қисмҳои 3 ва 4 ин модда иловаҳо ва  қисми 6 дар таҳрири нав ифода шуда, қисми нави 12 илова карда шуд. Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо — ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва ҳифзи асолати миллии мардуми Тоҷикистон аст. Асолати миллӣ доштани ному насаби инсон омили нерумандии ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»: Тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда, минбаъд насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд чӣ гуна сабт карда мешавад.

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Минбаъд насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева мутобиқи қисми 4 моддаи мазкур сабт карда мешавад. Қисми 4 модда пешбинӣ намудааст, ки насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

АМИТ «Ховар»: Мутобиқи  тағйироти мазкур ҳангоми ташаккул ёфтани насаби шахс кадом пасвандҳо истифода бурда мешаванд?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Ҳангоми сабти таваллуди кӯдак падару модари кӯдак ё шахси ваколатдори қонуни мазкур пешбининамуда метавонанд пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт – ро истифода баранд ё  ин ки пасвандҳои насабсозро истифода набаранд. Дар сурати истифода набурдан пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева истифода бурда намешаванд. Дар ин сурат насаб ва номи падари кӯдак бе истифодаи ҳамаи пасвандҳои дар боло зикршуда сабт карда мешавад (Масалан, Қурбон  Маъруф Азизулло ё Гулхумор Файзиддин Камол ва ғайра).

АМИТ «Ховар»: Тавре зикр кардед, дар номи падар истифодаи пасвандҳои — овна, — евна, — ович, — евич манъ карда шуд. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак чӣ гуна сабт  карда мешавад?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Дар ин сурат  бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 11 моддаи мазкур сабт карда мешавад. Қисми 11 моддаи мазкур ба ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд,  ҳуқуқ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон дода шудааст. Онҳо ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ номгузории кӯдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд. Масъалаи насаб низ тибқи ҳамин қисм амалӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»:   Шахс аз синни чандсолагӣ ҳуқуқ дорад, ки ном, номи падар ва насаби худро иваз намояд?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Тибқи моддаи 67-и қонуни  зикршуда  шахси ба синни 16 расида ҳуқуқ дорад ном, номи падар ва насаби худро иваз намояд. Шахс хоҳад ин ҳуқуқро истифода мебарад,  нахоҳад — истифода намебарад. Аз ин рӯ, ивази насаб, ном ва номи падар ихтиёрӣ аст, на маҷбурӣ. Ба истилоҳи ҳуқуқӣ, ин ҳуқуқи шахс аст, на уҳдадории ӯ.

АМИТ «Ховар»: Тартиби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар чӣ гуна сурат мегирад?  

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Иваз намудани насаб ва номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ дар асоси талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Шахс агар хоҳад, ки насаб, ном ё номи падари худро иваз намояд, ӯ тибқи моддаи 68 Қонуни мазкур бояд ба бахши САҲШ-и маҳалли истиқоматаш бо ариза муроҷиат намояд. Ариза дар муддати на дертар аз се моҳ аз рӯзи доданаш баррасӣ карда мешавад. Дар ариза бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

— ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи истиқомат, вазъи оилавии (дар ақди никоҳ қарор дорад ё не, бешавҳар ё занмурда, ҷудошуда) аризадиҳанда;

— ном, номи падар, насаб, ҷойи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони аризадиҳанда, ки ба балоғат нарасидаанд (агар кӯдаки ба балоғат нарасида дошта бошад);

— маълумоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки пештар нисбат ба аризадиҳанда ва нисбат ба ҳар яке аз кӯдакони ӯ, ки ба балоғат нарасидаанд, тартиб дода шудааст;

— насаб, ном ё номи падар, ки аз тарафи шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, интихоб карда шудааст;

— сабабҳои иваз намудани насаб, ном ё номи падар.

Шакли чунин ариза дар мақомоти САҲШ мавҷуд аст ва он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 тасдиқ карда шудааст.

АМИТ «Ховар»:  Дар баробари ариза  ба мақомоти САҲШ кадом ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Мувофиқи моддаи 68 Қонун дар як вақт бо додани ариза бояд шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, шаҳодатномаи ақди никоҳ (агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад), шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ (агар аризадиҳанда бо сабаби бекор шудани ақди никоҳ гирифтани насаби пешазникоҳиашро талаб намояд), шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони ноболиғи аризадиҳанда (агар кӯдаки ноболиғ дошта бошад), шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, ё шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ дар сурате, ки агар аз тарафи мақомоти САҲШ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ гузаронида шуда бошад, пешниҳод карда шаванд.

Ғайр аз ин, мақомоти САҲШ нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба он бояд тағйирот ворид карда шавад, аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои нигоҳдории он талаб менамояд.

Илова ба ин, тибқи моддаи 5 Қонун бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти арзкунанда пешниҳод карда шавад.

АМИТ «Ховар»: Ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ивази ному насаб ва номи падар чӣ қадар маблағ пардохт кардан зарур аст?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Мувофиқи моддаи 12 Қонун барои ба ҷо овардани амалиёти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии музднок ситонида мешавад. Илова ба ин, барои бланки ҳисоботи қатъии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маблағ пардохт карда мешавад.

Ҳамин тариқ, барои бақайдгирии давлатии ивази насаб, ном ва номи падар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 116 сомонӣ (58х2=116) боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Барои бланки ҳисоботи қатъӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 ба андозаи 20 %-и нишондиҳада барои ҳисобҳо (58х20% = 11 с. 60 д.) маблағ ба суратҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Тибқи андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 тасдиқ шудааст, барои бланки тозаи намунаи аризаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ 5 %-и нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2 с. 90 д.), барои хонапурӣ кардани ин бланк (агар корманди бахш пур намояд) 5 %-и нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2 с. 90 д.), барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо оид ба ивази насаб, ном ва номи падар 30 % — и нишондиҳанда барои ҳисобҳо (17 с. 40 д.) ба суратҳисоби бахши САҲШ-е, ки сабти ивазро ба ҷо  меорад, маблағ ситонида мешавад.

Дар  маҷмуъ (116+(17,40+2,90+2,90)+11,60)  150 сомонию 80 дирам миаблағ супоридан лозим меояд.    Агар кофтукови ҳуҷҷатҳо дар асоси китобҳои бойгонӣ лозим шавад, 25 % — и нишондиҳанда барои ҳисобҳо (14 с. 50 д.) илова мешавад. Ҳамчунин андоза барои нусхабардорӣ ва чопи компютерӣ дар андозаи мазкур  низ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҷо расмиёти бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба охир мерасад.

Дар асоси сабти асноди ивази насаб, ном ва номи падар ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки пештар нисбат ба шахсе, ки насаб, ном ва номи падарро иваз намудааст, тартиб дода шуда буд, тағйирот дохил карда шуда, шаҳодатномаи нав дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо назардошти тағйироти ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохилшуда дода мешавад. Инҳо асосан сабти таваллуд ва сабти ақди никоҳ мебошанд. Барои ин танҳо маблағи бланк (11 с. 60 д. барои як бланк) пардохт карда мешавад. Ҳамчунин ба фарзандони ба балоғатнарасида ҳам бо ҳамин тартиб маблағ ситонида шуда, шаҳодатномаҳои нав дода мешавад.

Расмиёти бақайдгирии ивази насаб, ном ва номи падар метавонад дар як бахши САҲШ гузаронида шуда, дар дигар бахши САҲШ расмиёти додани шаҳодатномаи нави таваллуд ё ақди никоҳ ё таваллудҳои кӯдакони ба балоғатнарасида, ки дар асоси ивази насабу ном дода мешаванд, гузаронида шавад.

Мувофиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шаҳодатномаи таваллуд ба падару модар (ба яке аз онҳо), ки аризаи онҳо на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ройгон дода мешавад. Аз ин рӯ, аз падару модарон хоҳиш менамоем, ки на дертар аз се моҳи баъди таваллуди фарзандонашон ба мақомоти САҲШ-и маҳалли истиқоматашон муроҷиат намуда, уҳдадории худро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар замони муосир, ки тамоюли ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад ва бархӯрди тамаддунҳову муколамаи арзишҳои гуногун ба чашм мерасад, арзишҳои миллӣ чӣ  аҳамияте дошта метавонанд?

Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА: Дар шароити муосир анъанаҳои миллӣ моҳияту ҳикмати худро аз нав эҳё намуда, инъикосгари рамзҳои давлату давлатдории навин мебошанд. Ҳар қадаре, ки анъанаҳои миллӣ инъикоси воқеии худро дар падидаҳои ҳуқуқӣ дарёбанд, ҳамон андоза амалишавии талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба нафъи ҷомеа равона мегарданд.

Хушбахтона, имрӯзҳо номгузории фарзандон ё ин ки бо хоҳиши шаҳрвандон иваз намудапни насаб, ном, номи падари худ бо такя ба анъанаҳои миллӣ тибқи қонунгузорӣ амалӣ мешавад, ки ин ҳувияти миллиро дар замири ҷавонон бедор месозад.

Дар омади гап, дзамони сулолаи Сомониён ва дигар тамаддунҳо фарзандони баруманди миллати тоҷик даҳҳо шоиру нависанда, файласуфу муҳаққиқи машҳур ва қаҳрамонони миллати тоҷик, назири Ҳофизи Шерозӣ, Абунасри Форобӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Ғаффор Мирзо, Муҳаммад Осимӣ, Лоиқ Шералӣ ва даҳҳо нафари дигар  бо такя ба анъанаҳои миллӣ номгузорӣ шудаанд. Ин мутаффакирони бузурги миллати тоҷик илму маърифати миллиро ба қуллаҳои баланд расонда, барои рушди таърихи афкори ҷамъиятии мардум ва фазои озоди илмию фарҳангӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Арзишҳои миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ ба шумор рафта, инсонҳоро дар рӯҳияи ваҳдату худшиносӣ, дӯстиву рафоқат ва якдигарфаҳмӣ тарбият намудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 20 марти соли 2007 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар бораи аҳамияти номгузорӣ дар эҳё ва тақвияти асолати миллӣ ибрози назар намуда буданд: «Дар айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ низ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати милливу фарҳанги миллат мебошад.

Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, бо сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртиботи узвӣ пайдо кардаанд. Дар ниҳоди номҳои миллӣ орзую омол, эътиқоду эҳтиром, наҷобату шараф, арзишҳои иҷтимоӣ, завқ ва салиқаи зебоишиносии миллӣ инъикоси возеҳ ёфтаанд.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд».

Дар замони муосир, ки тамоюли ҷаҳонишавӣ босуръат идома дошта, бархӯрди тамаддунҳо ва муколамаи арзишҳои гуногун ба чашм мерасанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ беш аз ҳарвақта муҳим аввалиндараҷа боқӣ мемонад.

Август 8, 2020 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд
Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад