Шаҳром Самиев фаъолияташро дар Аврупо идома медиҳад

Август 18, 2020 09:29

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамлагари дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон  Шаҳром Самиев фаъолияти варзишиашро дар чемпионати Молдова идома медиҳад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин футболбози 19-солаи тоҷик бо чемпиони 18-каратаи Молдова- дастаи футболи  «Шериф» қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Баъди бастани шартнома Шаҳром Самиев то анҷоми имсол ба дастаи  футболи «Динамо-Авто», ки дар шаҳри Тираспол қарор дорад, ба таври иҷора равон карда мешавад. Пас аз 8 даври анҷом ёфтани чемпионати Молдова дастаи нави Шаҳром Самиев дар ҳисобаш 10 хол дошта, мавқеи 5-умро ишғол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳром Самиев бо либоси дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш маротиба вориди майдон шуда, ду гол ба ҳадаф расонидааст.

Август 18, 2020 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд