Тоҷикистон бо 102 мамлакати хориҷӣ муносиботи савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бо 102 мамлакати хориҷӣ муносиботи савдои хориҷӣ ба роҳ мондааст. Содироти маҳсулоти ватанӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон 654,4 миллион доллари ИМА–ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,6 миллион доллар ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба зикри номбурда, соли равон бо мақсади рушди иқтидори содиротии мамлакат дар назди Агентӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз он харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи мамлакат мебошад, ки ин метавонад ҷиҳати рушди соҳа мусоидат намояд.
«Дар натиҷаи мусоидат ва ҳамкорӣ бо як зумра ширкатҳои ватанӣ байни Агентии содирот ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба имзо расонида шуд. Аз ҷумла, Агентии содирот оид ба содироти меваю сабзавот бо ҶДММ «СКПродукт»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти муҳим баргузор намуд. Дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 40 тонна (2 фура) олу ва аз шаҳри Ҳисор 100 тонна (4 фура) олу ба Федератсияи Россия содирот карда шуд. Инчунин аз ҷониби ҶСШК «Комбинати хӯроквории шаҳри Бохтар» ва ҶСП «Аввалин»-и ноҳияи Қубодиён 40 тонна тарбуз ба Федератсияи Россия ва 20 тонна ба Ҷумҳурии Литва содирот карда шуд»,- гуфт Шавкат Бобозода.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






