Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориро дар соҳаи телевизион ва радио тавсеа медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла омода намудани мутахассисон ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов қарор гирифт.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио изҳор дошт, ки мо ба тавсеаи равобити дуҷониба бо Беларус дар соҳаи телевизион ва радио омода ҳастем.
Таъкид гардид, ки густариш пайдо кардани муносиботи дуҷониба дар соҳаи телевизион ва радио заминаи муҳим барои муаррифии ҳарчи бештари таъриху тамаддун, фарҳанг, пешрафтҳои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ, инчунин табиати нотакрори ду давлат маҳсуб мебошад.
Сафири Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов бо ёдоварӣ аз муносиботи дӯстонаи сарони ду давлати дӯст изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Олег Иванов омодагии ҷониби Беларусро барои ташкили давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси гурӯҳҳои эҷодиву техникии шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт.
Мусоҳибон масъалаҳои табодули барнома, филм ва ролику лавҳаҳои тарғибкунандаи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва пахши онҳо дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои ҳар ду давлатро матраҳ намуданд.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






