МУБОРАК БОД! Дар Покистон имрӯз Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта шуд

Август 14, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иди миллии Покистон соли 1947 пайдо шуда, ба ифтихори солгарди ҷудошавии кишвар аз мустамликаи Ҳиндустони Британия таъсис ёфтааст. Имрӯз ба қаҳрамонони миллии ин кишвар эҳтиром гузошта мешавад, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Рӯзи истиқлолияти Покистон ҳамасола 14 август таҷлил мегардад. Ин ҷашни миллӣ бори аввал дар кишвар соли 1947  ба ифтихори солгарди эълони истиқлолияти Покистон таъсис дода шуд. Дар ин рӯз чорабиниҳои марбут ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар саросари кишвар баргузор мешаванд.

Давлати Доминиони* Покистон 14 августи соли 1947 пас аз тақсими Ҳиндустони Британия ба Иттиҳоди Ҳиндустон ва Доминиони Покистон аз рӯи нақшаи Маунтбеттен таъсис ёфт ва қаламрави Покистону Бангладеши муосирро дарбар гирифт.

Бар асари радикалишавии шадиди динӣ дар минтақа ва қариб пурра исломишавии он дар солҳои аввали раванди деколонизатсия*, Покистон хусусияти дунявии ҷамъиятро нигоҳ дошта натавонист ва дар соли 1956 комилан аз назорати Британия озод шуд ва Ҷумҳурии Исломии соҳибихтиёри Покистон эълон гардид. Соли 1971 дар натиҷаи ҷанг барои истиқлолият Покистони Шарқӣ  дар навбати худ мустақил шуд ва ба ҷумҳурии муосири Бангладеш табдил ёфт.

Дар Рӯзи истиқлолият маросими баланд бардоштани парчами миллӣ баргузор гардида, ба қаҳрамонони миллии Покистон эҳтиром гузошта мешавад. Президент ва Сарвазири кишвар дар ин рӯз ба мардум бо паёми табрикӣ муроҷиат мекунанд. Бегоҳӣ дар осмони Покистон фейерверкҳои ранга рахшон мешаванд.

Рӯзи истиқлолият дар Покистон яке аз шаш ҷашни давлатӣ ба шумор рафта, дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Омодагӣ ба Рӯзи истиқлолият пешакӣ дар шаҳрҳои гуногун оғоз ёфта, кӯчаҳову биноҳо бо лентаҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода мешаванд.

Дар рӯзи ид ҳамаи сокинон барои рушди кишварашон дуо мекунанд ва аз ба даст овардани истиқлолият шодӣ менамоянд. Чун анъана дар рӯзи ид гузаштҳои рангоранг баргузор шуда, аксари сокинон либосҳои миллӣ ба бар мекунанд.

P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дӯстони покистониро бо иди асосии миллиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодат ва некуаҳволӣ таманно дорад!

____________________________________________________________________

* Доминион — номи давлатҳои худидорашаванда, колонияҳои собиқ, ки дар ҳайати империяи Британия буданд.

* Деколонизатсия — раванди истиқлолият ва соҳибихтиёрии пурра додан ба доминионҳо, сарзаминҳои зеримандатӣ, мустамликаҳо, протекторатҳо (давлат ва ҳудуде, ки дар таҳти васояти дигар давлати истисморкунанда мебошад).

Август 14, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид