Вазорати маориф ва илм баҳри таҳсил дар зинаи магистратура барои шаҳрвандони Афғонистон 5 бурсия ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 11.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки аз 50 бурсияи пешбинишуда дар соли таҳсили 2020-2021 5 бурсияро барои таҳсил дар зинаи магистратура барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷудо намояд. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот мусоҳибон вобаста ба ҳамкории ҷойдоштаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, густариши ҳамкории илмию омӯзишӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан гуфтанд.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таҳсил ва будубоши донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон, дастрас ва тамдид намудани раводид барои донишҷӯён, инчунин ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои шаҳрвандони Афғонистон дар соли таҳсили 2020-2021 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи маориф ва илм миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон як зумра корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи нақшаи ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни кишварҳо, дар доираи Тафоҳумнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар доираи Тафоҳумнома миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи Бағлони Афғонистон ҳамкории доимӣ ба роҳ монда шудааст.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






