Вилояти Хатлон дар ним сол нақшаи яксолаи содироти маҳсулоти кишоварзиро иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 90 ҳазору 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот содирот шудааст, ки ин ба нақшаи яксолаи содироти маҳсулот баробар аст. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мудири бахши Намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода иброз намуд, ки нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат имсол 90 ҳазор тонна муқаррар гардидааст. То имрӯз нақшаи мазкур барзиёд иҷро ва баробар ба 100,3 фоизи дурнамо маҳсулот содир гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 4548,9 тонна маҳсулот бештар бароварда шудааст.
Имсол ба Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 76,5 ҳазор тонна, Покистон 11188 тонна, Афғонистон 2276,4 тонна, Федератсияи Россия 105,3 тонна ва Қирғизистон 63,2 тонна маҳсулот фиристода шудааст. Аз ҷониби соҳибкорон танҳо ба кишвари аврупоии Литва 20 тонна тарбуз содир гардид.
Ба гуфти масъулин, асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро дар вилоят пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад. Танҳо аз ноҳияи Ҷайҳун ба кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 31 ҳазор тонна пиёз содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки содироти меваю сабзавот дар ноҳияҳои минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва Норак оғоз гардидааст.










Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд






