Маркази миллии тестӣ озмуни тақсимоти такрорӣ доир менамояд

Август 3, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки  интихоби дурусти худро ба роҳ монанд. Зеро дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои ба дастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад. Марказ  ба довталабон имконият медиҳад, ки аз ихтисосҳои сеюм, чорум ва панҷум ба ихтисосҳои якум гузаранд. Зеро дар бештари ихтисосҳои якум ҷойҳои холӣ мавҷуд мебошанд. Дар ин бора директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Хуршед Икромӣ гуфт, ки  «имсол тибқи тақсимот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ 86 фоиз ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 51 фоиз нақшаи қабул иҷро гардид. Иҷрои нақшаи қабул аз интихоб вобастагӣ дорад. Агар довталаб он ихтисосро интихоб накунад, чи гуна онро пур карда метавонем?».

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар  ИМД соли равон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11‑ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамагӣ 100 398 нафар довталаб аз қайд гузаштанд, ки ин шумора нисбат ба соли 2019 5624 нафар ва нисбат ба соли 2018  4579 нафар зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбии имсол номнависшуда 43365 нафарашон духтарон ва 57033 нафарашон писаронанд. Ҳарчанд аз ҷиҳати шумора духтарон имсол нисбат ба соли 2019 бештар бошанд ҳам, ҳиссаи духтарони азқайдгузашта имсол нисбат ба ҳамин нишондиҳанда дар соли 2019 2,06 фоиз кам мебошад.

Шумораи довталабони хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адокарда соли равон 804 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи ИМД дар соли 2019 70 нафар зиёд аст.

Хуршед Икромӣ   иброз дошт, ки дар давраи пандемия барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ беш аз 2350 нафар кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шуда буд, ҷалб карда шуданд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона гардиданд.

Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ вобаста ба раванди имтиҳонҳо-ин ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст. Барои ин Марказ тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кард.

Август 3, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд