Завқӣ Завқизода: «Имсол дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт»

Август 3, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар соҳаи саноат ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатисозии  босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти Вазир, дар маҷмӯъ дар нимсолаи якум соли равон дар вилояти Суғд 34 корхона (407 ҷойи нави корӣ), вилояти Хатлон 21 корхона (143 ҷойи нави корӣ), шаҳри Душанбе 13 корхона (501 ҷойи нави корӣ), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 корхона (77 ҷойи нави корӣ) ва дар ВМКБ 2 корхона (7 ҷойи нави корӣ) ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 9,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 банди фоизӣ кам аст.

Вазири рушди иқтисод ва савдо зикр кард, ки суръати афзоиш аз ҳисоби зиёдшавии саноати коркард (114,0 фоиз) ва таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво (104,0 фоиз) таъмин гардидааст.

Бо мақсади дар дохили мамлакат ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо маводи тиббӣ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба 8,3 млн. дона расонида шуда, содироти он ба хориҷи мамлакат 2,7 млн. донаро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 55 ҳазор дона либоси махсуси тиббӣ ва 369 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ коҳишёбии ҳаҷми саноати истихроҷ 1,8 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастарасӣ коркарди дуюмдараҷа 16,9 фоиз мушоҳида гардид.

Ба маълумоти номбурда, дар ин давра коҳишёбии суръати истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истихроҷи маъданҳои филизӣ (98,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), истихроҷи ҳар гуна канданиҳои фоиданок (81,1 фоиз) ва истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ (96,0 фоиз) ба назар мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилот, аз ҷумла дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва мутахассисони ботаҷриба, инчунин коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонӣ дучор гардиданд.

Дар ин росто Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки аз 2216 корхонаи саноатии бақайдгирфташуда 124 корхона аз фаъолият бозмондаанд, ки аз онҳо 24 корхона дар саноати истихроҷ ва 100 корхона дар саноати коркард фаъолият менамуданд.

Август 3, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд