Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 23, 2020 08:21

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба ҷашни сазовори 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳия Ҳусейн Ашуров бунёд гардида, баландиаш бо назардошти минбар 52 метрро ташкил медиҳад.

Паҳноии матои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ва дарозиаш 14 метрро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спетс Техника” дар муддати қариб як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Майдони Парчами давлатӣ 70 садяк заминро ташкил намуда, дар ҳудуди он гулҳои ҳархелаи мавсимӣ шинонида шудааст.

Ҳамзамон аз ду тарафи сутунпояи Парчам 2 фаввораи чоркунҷшакл бунёд ва бо чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст, ки барои сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад.

Майдони назди Парчам барои сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш бисёр мувофиқ мебошад. Ҳудуди он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зебу зиннат ёфта, ҳамзамон 7 нишастгоҳ насб гардидааст. 15 адад чароғаки равшанидиҳандаи насбгардида шабонгоҳ ҳусни атрофро назаррабо мегардонад ва сайру гашти бемамониати сокинону меҳмононро таъмин месозад.

Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш таҷассуми ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, нишон аз эҳтироми баланди сокинон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш 23.09.2020

Сентябрь 23, 2020 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд