5500-солагии Саразм: Асари Борис Маршак «Искусство Согда» ба тоҷикӣ баргардон шуд

Сентябрь 19, 2020 11:58

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асари бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Маршак, ки  як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад, таҳти унвони “Ҳунари Суғди Бостон” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ ба тоҷикӣ баргардон ва чоп шуд.

Муаллифи тарҷума доктори илми филологӣ Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ мебошанд. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ чунин нигоштааст:

“Рисолаи мазкури бостоншинос аз охирин таълифоти эшон ба шумор меравад. Б. Маршак аз соли 1954 – то вопасин лаҳазоти зиндагияш дар пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент ба ҳафриёти ин шаҳри қадимии Осиёи Марказӣ машғул буда, тибқи васияташ дар канори ин шаҳри қадима ба хок супорида шудааст”.

Зиндаёд Борис Маршак ҳамчун бостоншиноси варзида баъд аз вафоти устодаш А. Беленитский аз соли 1978 роҳбарии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакентро ба уҳда дошт ва аз соли 1958 дар шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург ба ҳайси мудири бахши Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъолият дошт.

Ба поси хотири ин донишманди барҷастаи таърихи ҳунари Шарқ, ба вижа Суғди бостон  Эрмитажи давлатии Санкт – Петербурги Россия матни рисолаи мазкурро бидуни тағйир дар таҳрири худи муаллиф  зери унвони «Искусство Согда» соли 2009 дар шакли китоби мусаввари ранга ва дар коғази хеле олӣ ба зевари табъ даровард.

Матни тарҷумаи тоҷикие, ки ба хонандагони пешниҳод мегардад, дар асоси ҳамин нашр баргардон шудааст. Дар ҷараёни тарҷумаи матн мураттибон кӯшиш намудаанд, ки услуби нигориши матни аслӣ риоя карда шавад, зеро чуноне ки дар шарҳи нашри русии он зикр гардидааст, он ҷо низ мураттибон қарор додаанд, ки матни ин рисолаи хеле ҳам пурарзиш чун рамзи эҳтироми хотира маҳз дар таҳрири худи муаллиф ва бидуни иловаҳо ба чоп расонида шавад.

Дар матн ҳама ҷо вожаи «искусство» ба тоҷикӣ «ҳунар» тарҷума шуд, зеро вожаи «ҳунар» решаи санскритӣ – авастоӣ дошта, ҳамрадифи вожаи арабии «санъат» асту маънои «тавон ва маҳорати эҷоди зебоӣ»  дорад. Аз ин рӯ, мураттибон зарур шумориданд, ки дар матни ин рисолаи нодири бахшида ба олами хеле пурасрори зебоӣ ба ҷои истилоҳи «санъат» маҳз вожаи «ҳунар» истифода шавад.

Сентябрь 19, 2020 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд