ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо кумаки соҳибкор Ҳикматулло Собиров 300 хоҷагии деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Тоҷикобод бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд
ТОҶИКОБОД, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи лабиоби ноҳияи Тоҷикобод бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Фатҳобод, инчунин нуқтаи хатти оби нӯшокии деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳия, ки бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Собиров аз масофаи 7 км барои таъмини 300 хоҷагӣ оварда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар маросими баистифодадиҳии онҳо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва сокинони ин ҷамоатҳо иштирок намуданд.
Масъулини ноҳияи Тоҷикобод гуфтанд, ки бинои иловагии муассисаи таълимӣ бо маблағи 913 970 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 240 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст, ки он мушкилии норасоии ҷойи нишастро бартараф намуда, дар соли нави хониш туҳфаи арзандае барои толибилмон ва устодони муассиса мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 77 иншоотро ба нақша гирифтааст.
То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва маблағгузории буҷети маҳаллӣ зиёда аз 36 адад иншооти ҷашнӣ, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 26 иншооти дигар идома дорад.











Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад






