Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Лилия Бурунчук зимни мулоқоти виртуалӣ пайомадҳои пандемияро баррасӣ карданд

Сентябрь 25, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук дар мавзӯи «Афзалиятҳои стратегӣ ва тадбирҳои сиёсии ҷавобӣ ба бахши молиявӣ»  мулоқоти виртуалӣ анҷом дод. Дар ин хусус аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Лилия Бурунчук аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ислоҳот дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дастовардҳои ноилшуда дар низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки дар натиҷаи ҳамкории самарабахш дар  бахшҳои гуногуни молиявӣ, бахусус дар низоми пардохт, ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ ва низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба пешравӣ ноил гардад, ки ин дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба ҳисоб меравад.

«Таъсири пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он ба мизоҷони бонкӣ ва низоми бонкӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи тарафайнро дар ин бахш тақвият бахшем, то низоми бонкӣ яке аз фишангҳои асосӣ дар иқтисодиёт боқӣ монад»,- гуфт хонум Лилия Бурунчук. Мавсуф аз тақвияти ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо  ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда  аз Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба  ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои дастгирии доимӣ ва бетараф набудан ба низоми бонкии мамлакат, инчунин ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр  кард ки солҳои охир Тоҷикистон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа  ба омилҳои манфии берунӣ дучор гардид, ки он ба боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиёти мамлакат, бахусус низоми бонкӣ бетаъсир намонд.

Дар робита ба ин, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимоли зиёд гардидани таъсири хавфҳои бемории сироятии  COVID-19 ба иқтисодиёти давлат аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон якчанд тадбирҳои судбахш, аз қабили паст кардани меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, паст кардани меъёри бозтамвил (ду маротиба) андешида шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи хурӯҷи пандемия озод карда шуда, ба онҳо ҷиҳати бознигарӣ намудани ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкӣ ба мизоҷони бонкҳо тавсия дода шуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон зикр намуд, ки бо гузашти хурӯҷи пандемия низоми бонкӣ мунтазам фаъолият карда истода, имрӯз ташкилоти  қарзии молиявии ватанӣ тавони пешбурди сиёсати қарздиҳӣ ба соҳибкори хурду миёнаро доранд. Дар мавриди даъвати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо  ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда  барои рушди низом ва дар маҷмӯъ бахши молиявии мамлакат Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо омодагии тамом изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо танҳо барои пешравӣ ва рушди низоми бонкӣ ва сиёсати қарздиҳӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, аз ҷумла дастгирии маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас даъват ба амал овард. Мусоҳибон аз натиҷаи ҳамкории самарабахш дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ислоҳот дар низоми бонкӣ ва саҳмгузории Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.

 

Сентябрь 25, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд