Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Лилия Бурунчук зимни мулоқоти виртуалӣ пайомадҳои пандемияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук дар мавзӯи «Афзалиятҳои стратегӣ ва тадбирҳои сиёсии ҷавобӣ ба бахши молиявӣ» мулоқоти виртуалӣ анҷом дод. Дар ин хусус аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Лилия Бурунчук аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ислоҳот дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дастовардҳои ноилшуда дар низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки дар натиҷаи ҳамкории самарабахш дар бахшҳои гуногуни молиявӣ, бахусус дар низоми пардохт, ислоҳот дар соҳаи қонунгузорӣ ва низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ба пешравӣ ноил гардад, ки ин дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин низоми ҳисоботдиҳии қарзӣ ба ҳисоб меравад.
«Таъсири пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он ба мизоҷони бонкӣ ва низоми бонкӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи тарафайнро дар ин бахш тақвият бахшем, то низоми бонкӣ яке аз фишангҳои асосӣ дар иқтисодиёт боқӣ монад»,- гуфт хонум Лилия Бурунчук. Мавсуф аз тақвияти ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда аз Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои дастгирии доимӣ ва бетараф набудан ба низоми бонкии мамлакат, инчунин ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард ки солҳои охир Тоҷикистон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа ба омилҳои манфии берунӣ дучор гардид, ки он ба боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодиёти мамлакат, бахусус низоми бонкӣ бетаъсир намонд.
Дар робита ба ин, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимоли зиёд гардидани таъсири хавфҳои бемории сироятии COVID-19 ба иқтисодиёти давлат аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон якчанд тадбирҳои судбахш, аз қабили паст кардани меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, паст кардани меъёри бозтамвил (ду маротиба) андешида шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи хурӯҷи пандемия озод карда шуда, ба онҳо ҷиҳати бознигарӣ намудани ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкӣ ба мизоҷони бонкҳо тавсия дода шуд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон зикр намуд, ки бо гузашти хурӯҷи пандемия низоми бонкӣ мунтазам фаъолият карда истода, имрӯз ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ тавони пешбурди сиёсати қарздиҳӣ ба соҳибкори хурду миёнаро доранд. Дар мавриди даъвати Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, додани сабукиҳо ба низом, омода намудани таҳлилҳо ва дурнамо барои қадамҳои минбаъда барои рушди низом ва дар маҷмӯъ бахши молиявии мамлакат Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо омодагии тамом изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо танҳо барои пешравӣ ва рушди низоми бонкӣ ва сиёсати қарздиҳӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, аз ҷумла дастгирии маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас даъват ба амал овард. Мусоҳибон аз натиҷаи ҳамкории самарабахш дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ислоҳот дар низоми бонкӣ ва саҳмгузории Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.








Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ: «Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад»
Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии ҳосили полезӣ идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти ҷалби сармоягузорӣ тақвият дода мешавад
Татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар Боку баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1287 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо созишнома ба имзо расид
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
Ҷаласаи якуми Шурои кории муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Вазорати нақлиёт Маркази байналмилалии тамосро бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар шакли озмоишӣ фаъол намуд






