Аз аввали сол дар Тоҷикистон қариб 800 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст

Сентябрь 17, 2020 12:03

ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 11 сентябр ҳудуди 800 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ  шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар 300 ҳазору 304 гектар ғалладона кишт шуда буд.

То 11 сентябр зироати ғалладонагӣ аз майдони 275 ҳазору 817 гектар ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳаҷми умумии ҳосили ғалладона то ин давра 799 ҳазору 924 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35 ҳазору 149 тонна зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони Тоҷикистон соли 2019 858,4 ҳазор тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ карда буданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2018 21% зиёдтар буд.

Сентябрь 17, 2020 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад