Барои беҳтарин мақолаи публитсистии «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат таҷлил мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публитсистиро миёни ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» эълон менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур хабар доданд.
«Мақсад аз эълон намудани озмуни мазкур талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад», — афзуд манбаъ.
Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 ноябри соли равон тариқи почтаи электронии tjavononi@gmail.com ва тариқи хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон, № 6 равон намоянд.
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақолаи публитсистӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






