БО МО СОҲИБКОР ШАВЕД! Дар Душанбе бинои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид

Сентябрь 15, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 15.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Сафири Фавқулода ва Мухтори  Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита, роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон (UNDP) Пратибҳа Меҳта ва роҳбарону намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлкат, вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок ва сухан намуданд.

Фаррух Ҳамрализода  зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳибкорӣ аҳамияти хосса дода, дар ин самт барои ташаккули соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Таъкид гардид, ки соҳибкорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, рушди иқтисодию иҷтимоии мамалакат аз он вобастагии зиёд дорад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва фазои орому осудаи мамлакат ин соҳаи ҳаётан муҳим рӯз то рӯз густариш ёфта истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат 26 декабри соли 2018 оид ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ таъкид намуда, гуфтанд, ки муассисаҳои омӯзишӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, таъсис дода шаванд.

Дар ин росто, дар партави ташаббуси Пешвои миллат бо мақсади дастгирии соҳибкорони ҷавон ва рушди соҳибкории хурду миёна тавассути хизматрасониҳои методӣ, иттилоотӣ, омӯзишӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018 дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шуд.


Бо мақсади васеъ фаро гирифтани соҳибкорони хурду миёна ва навтаъсису ҷавон ба фаъолияти сохибкорӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ-шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Конибодом ва Хоруғ муассиса ва шуъбаҳову бахшҳои он фаъолият менамоянд. Аз оғози фаъолият то ба имрӯз муассиса дар баланд бардоштани маърифати соҳибкории ҷавонон саҳми бориз гузоштааст. Зиёда аз 300 тренингҳои омӯзишӣ, семинарҳои кушод, форумҳои васеи соҳибкорӣ бо иштироки соҳибкорони муваффақи ватанию хориҷӣ баргузор карда шуданд, ки ба ин машғулиятҳо теъдоди зиёди ҷавонон ва соҳибкорони ҷавон, ки тоза ба соҳибкорӣ рӯ овардаанд, фаро гирифта шуданд.

Дар дохили бинои Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» барои фаъолияти соҳибкорони ҷавону  навтаъсис Коворкинг, яъне ҷойҳои муваққатии корӣ барои стартаперони умедбахш ташкил карда шудаанд.


Он аз 30 ҷои корӣ иборат буда, дорои як қатор имкониятҳо мебошад. Дар ин ҷо соҳибкорони ҷавон имконият пайдо менамоянд, ки вориди фазои мусоиди тиҷоратӣ гарданд, аз машваратҳои мутахассисони касбӣ мунтазам истифода намуда, ба сармоягузорон дастрасӣ дошта бошанд. Шахсоне, ки нав  ба соҳибкорӣ рӯ овардаанд, дар ин ҷо муддати се моҳ лоиҳаи худро мукаммал менамоянд ва дар питч – ҷаласаҳо ё семинарҳое, ки ҳар се моҳ бо даъвати донорон ташкил карда мешаванд, лоиҳаи худро ҳимоя намоянд. Инчунин аз рушду пешрафти соҳибкорӣ маълумоти мукаммал ба даст оварда,  огоҳӣ пайдо мекунанд.

Маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дорои 50 ҷои нишаст буда, дар  он дар як  ҳафта ду маротиба тренингҳо ва семинарҳо дар мавзӯъҳои гуногун тибқи барномаи омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

«Мо соҳибкорони касбиро барои иштирок дар Стартап -толкс ҷалб менамоем, то аз таҷрибаҳои муваффақонаи худ ба соҳибкорони ҷавон маълумот диҳанд»,- мегӯяд директори Муассисаи  давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷӯразода.

Мавсуф афзуд, ки аллакай дар ҳамкорӣ бо шарикон чандин чорабиниҳои омӯзишӣ бо иштироки соҳибкорони ҷавон гузаронида шуданд.

Дар бинои  муассиса «гӯшаи сабз» — ҷой барои истироҳати меҳмонон ва ташкили суҳбатҳои дуҷониба ташкил шудааст. Инчунин дар муассиса маркази машваратӣ бо мақсади сабук намудани кори соҳибкорон амал менамояд.

Соҳибкорон имкон доранд, ки дар маркази мазкур аз машваратҳои ҳуқуқӣ, андозбандӣ, муҳосибӣ, молиявӣ  ва дигар хизматрасониҳо истифода намоянд. Дар ин ҷо мушовирони касбӣ ҷалб карда мешаванд ва машваратҳо марбут ба масълаҳои ташкили корхона, андозбандӣ, гумрукӣ, масъалаҳои тафтиш аз ҷониби мақомоти давлатӣ, инчунин хизматрасониҳои давлатӣ гузаронида мешаванд.


Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»  барои ҷавононе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ шавқи зиёд доранд, идеяҳои соҳибкории худро амалӣ кардан мехоҳанд, вале аз куҷо ва чӣ тавр шурӯъ намуданро намедонанд, роҳи муваффақият аст. Зеро он дар баланд бардоштани малакаи соҳибкории ҷавонон, маърифати соҳибкорӣ, дастгирии методию машваратии соҳибкорони ҷавон нақши муассир мегузорад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 15, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар Тоҷикистон раванди татбиқи 32 ҳуҷҷати стратегӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад
Устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва навоварӣ дар идораи захираҳои обӣ ва мониторинги пиряхҳо баррасӣ шуд
МАРКАЗИ «МЕҲРИ МОДАР». Занону духтарон дар он ҳунарҳои миллӣ меомӯзанд
KOICA дар Душанбе Маркази омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони роҳи оҳан ва метро таъсис медиҳад
УСУЛИ ГИДРОПОНИКӢ. Дар Тоҷикистон тавассути ин усул чорво пайваста бо хӯроки сабз таъмин мегардад
Мутахассисони тоҷик дар Барномаи байналмилалии омӯзиши энергияи офтобӣ дар Ҳиндустон иштирок менамоянд
Арзёбии техникӣ-иқтисодии гармидиҳии устувор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд
САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ. Тавассути ин намуди сайёҳӣ ҷаҳонгардон аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ лаззат мебаранд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ баргузор шуд
Дар ҷануби Тоҷикистон нахустин маротиба 49 км «Долони сабз» бунёд карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти кишоварзӣ тақвият меёбад
Маркази рақамикунонии нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати технологии Чин «Inspur Group» ҳамкорӣ менамояд