«Бонки Эсхата»: 100 нафар мизоҷон соҳиби мукофоти пулӣ гардиданд

Сентябрь 25, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар мизоҷони «Бонки Эсхата», ки тариқи низоми интиқоли пул ба таври ғайринақдӣ интиқоли пулии худро қабул карданд, ҳар кадоме соҳиби 600 сомонӣ туҳфаи пулӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур хабар доданд.

Даври дуюми аксияи «Ҳамқадами замон» ҷамъбаст гардид ва фонди туҳфавии даври дуюм 60 000 сомониро ташкил медод.

«Барои онҳое, ки то ҳол аз ин иқдом бехабар ҳастанд, хотиррасон мекунем, ки дар пеш онҳоро  даври сеюм бо фонди туҳфавии 90 000 сомонӣ интизор аст. Яъне боз 100 нафари дигар ҳар кадом соҳиби 900 сомонӣ туҳфаи пулӣ хоҳанд шуд», — илова намуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи июли имсол «Бонки Эсхата» оғози аксияи «Ҳамқадами замон»-ро эълон кард, ки он аз 3 даври байнимарҳилавӣ ва даври финалӣ иборат аст.

Дар ҷамъбасти даври финалӣ 12 адад туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва   туҳфаи асосӣ — мошини «Хундай Аксент» бурд карда мешаванд.

«Он мизоҷоне, ки интиқоли пулии худро тариқи ғайринақдӣ аз хешовандони дар хориҷа буда ба ҳамёни электронӣ, суратҳисоби бонкӣ ва корти пардохтӣ қабул мекунанд, иштирокчии аксия мегарданд. Ҳаҷми интиқол набояд аз 5000 рубли ФР кам гардад»,-тазаккур доданд дар бонк .

Сентябрь 25, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд