COVID-19. Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дору ва таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд

Сентябрь 22, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои муолиҷаи бемории коронавирус дору ва таҷҳизоти тиббӣ тақдим намуд. Таҷҳизоти тиббӣ аз либосҳои  махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, сӯзандору, дастпӯш, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептик ва воситаҳои уфунатзудоӣ  иборат мебошанд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат Рустам Назарзода дар маросими супоридани воситаҳои  тиббӣ ба сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист  Ҳадӣ Ҳусайнӣ  изҳори сипос карда, зикр намуд, ки кумаке, ки имрӯз дастрас шуд, ба пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ҳадӣ Ҳусайнӣ иброз намуд, ки Агентии Оғохон оид ба макони зист дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавируси   COVID-19 пуштибонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки кумакҳои мазкур бо мақсади пешгирӣ аз густариши   COVID-19  пешбинӣ шуда,  барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало шудан ба бемории мазкур истифода мешаванд. Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи «Ниссан»-ро, ки мутааллиқ ба Кумитаи мазкур буд, пурра таъмир карда, ба ихтиёри ин ниҳод гузошт.

Сентябрь 22, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ