Дар Бонки миллии Тоҷикистон вазъи низоми бонкӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 28, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 28.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Вазъи низоми бонкии мамлакат дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо иштироки роҳбарони  ташкилоти қарзии молиявии мамлакат доир гардид, баррасӣ гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба масъулини ташкилоти қарзии молиявӣ барои азхудкунии маблағҳои ҷудокардашуда ва истифодаи маблағҳои озод барои додани қарз, паст кардани меъёри фоизии қарзҳо ва пешниҳоди қарзҳои дастрас, аз ҷумла баҳри дастгирии бахши истеҳсоли ватанӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт, ҷалби пасандозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, васеъ кардани шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ, бознигарӣ кардани таррофаҳои бонкҳо барои мизоҷон, сари вақт пур кардани банкоматҳо бо пули нақд, таъмини шаффофият дар фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки дар сохтори идоракунӣ риояи муқаррароти нави қонунгузории бонкӣ дар мавриди фаъолияти якҷояи хешовандон дар як ташкилот таъмин карда шуда, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба низом, пешниҳоди саривақтии пардохтҳо ба корхонаву муассисаҳои бо воридоти маҳсулоти озуқаворӣ машғул, самарабахш истифода бурдани қарзҳои байнибонкӣ ва кам кардани маржаи фоизии он роҳандозӣ карда шавад. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз роҳбарони ташкилоти қарзии молиявӣ даъват ба амал овард, ки барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти нуҳмоҳаи низоми бонкии мамлакат ва баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Инчунин дар ҷаласа доир ба сиёсати қарзии ташкилоти қарзии молиявӣ ва таҳлилу ҷамъбасти онҳо бо назардошти таъсири пандемияи COVID-19, ҷой доштани масъалаҳои ҳалталаб дар фаъолияти кормандони масъули ташкилоти қарзӣ, пешгирии хавфҳои қарзӣ ва кам кардани таъсири онҳо ба вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, васеъ кардани қарздиҳии хурд ва миёна  бо пешниҳоди таҳлилҳо баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ташкилоти қарзии молиявӣ бояд фаъолияти худро дар самти тавсеа бахшидани қарздиҳӣ, ки яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ маҳсуб меёбад, таҷдиди назар карда, маданияти қарздиҳиро бо назардошти пешбинии хавфҳои ба он марбут ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст, ки барои мақсаднок истифода бурдани қарзҳои додашуда корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини қарзҳо ва ҷалби пасандозҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси БМТ ба масъулини ташкилоти қарзии молиявӣ барои азхудкунии маблағҳои ҷудошуда ва истифодаи маблағҳои озод барои додани қарз, паст кардани меъёри фоизии қарзҳо ва пешниҳоди қарзҳои дастрас, аз ҷумла баҳри дастгирии бахши истеҳсоли ватанӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт, ҷалби пасандозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, васеъ кардани шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ, бознигарӣ кардани таррофаҳои бонкҳо барои мизоҷон, сари вақт пур кардани банкоматҳо бо пули нақд, таъмини шаффофият дар фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ  супоришҳои мушаххас дод.

Сентябрь 28, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд