ДАР ДАҲ СОЛ АНДОЗАИ МУЗДИ МЕҲНАТ БИСТ МАРОТИБА БАЛАНД БАРДОШТА ШУДААСТ. Шарҳи сардори Раёсати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмон Юлдошев

Сентябрь 19, 2020 09:16

ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли равон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 сентябри соли равон андозаи музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон зиёд гардид. Фармони мазкурро сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва шарти зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон ЮЛДОШЕВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА чунин шарҳ дод:

Аз соли 1999 то соли 2019 бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани нақши ҳавасмандкунии музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зиёда аз 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он  музди меҳнати  вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, кормандони  соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва маориф, стипендияҳо, инчунин нафақа низ зиёд карда шуданд.

Фармони навбатии Президенти мамлакат ба имзо расид, ки тибқи он музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ба андозаи 15 фоиз ва барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд  карда шуд.

Мутобиқи  сархати якуми банди 1-и  Фармони мазкур, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилоте, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилоте, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Яъне, аз 1 сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, муаллими мактаби миёна (синфҳои ибтидоӣ), ки маълумоти олӣ  ва  дараҷаи якумро доро мебошад, барои як басти корӣ 913 сомонӣ музди меҳнат мегирад ва ё муаллими мактаби миёна (синфҳои ибтидоӣ), ки маълумоташ миёнаи касбӣ асту умуман дараҷа ё категория надорад,  музди меҳнаташ ба 648 сомонӣ расид. Ҳамчунин ба ин муаллимон иловапулӣ барои роҳбари синфӣ 15 фоиз, мудири кабинет 10 фоиз ва барои тафтиши дафтар 20 фоиз дода мешавад, ки андозаи он мутаносибан 410,8 сомонӣ (барои роҳбари синфӣ 137 сомонӣ, мудири кабинет 91,3 сомонӣ ва тафтиши дафтар 182,6 сомонӣ)  ва 291,6 сомонӣ (барои роҳбари синфӣ 97,2 сомонӣ, мудири кабинет 64,8 сомони ва тафтиши дафтар 129,6 сомонӣ) –ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба кормандони чунин муассисаҳо, ки унвони илмӣ доранд, ба андозаи 30 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад.

Инчунин музди меҳнати кормандони соҳаи илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Вобаста ба ин маоши вазифавии сарходими илмии институтҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тибб ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна бо дарназардошти унвони илмӣ ба 2279,3 сомонӣ ва сарходими илмии муассисаҳои дигари соҳаи илм ба 1482,35 сомонӣ расонида мешавад.

Маоши вазифавии корманди маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 1641 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 1329,4 сомонӣ расонида мешавад.

Аз 1 сентябри соли равон музди меҳнати моҳонаи вазифавии ҳунарманди дараҷаи олии театрҳо ба 1602 сомонӣ, роҳбалади осорхонаҳо ва муҳаррири муассисаҳои матбуоти даврӣ ба 1057 сомонӣ ва мудири китобхонаи ноҳия ба 1276,5 сомонӣ баробар мегардад.

Музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи дастурамал оид ба пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 304,75 сомонӣ баробар карда шуд. Ҳоло ин нишондиҳанда 265 сомониро ташкил медиҳад.

Дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна ба 1737 сомонӣ, табиби категорияи олӣ ба 1255 сомонӣ, дар марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо маоши вазифавии сартабибон ба ҳисоби миёна ба 2118 сомонӣ ва табиби категорияи олӣ ба 1548 сомонӣ баробар мегардад.

Дар асоси Фармони мазкур музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ низ ба андозаи 15 фоиз баланд карда шуда, андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 620 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 690 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Яъне мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии вазорату идораҳои давлатӣ, ки агар собиқаи давлатиаш аз 5 сол зиёд бошад (бо коэффитсиенти ҷадвали тарифии 1,80) 1242 сомонӣ  музди меҳнат мегирад ва ё сардори шуъба дар ҳамин мақомот бо назардошти собиқаи 3-сола 1944 сомонӣ музди меҳнат мегирад.

Музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад ва андозаи он аз 400 – 700  сомонӣ то ба 529 -920 сомонӣ боло бурда мешавад.

Дар асоси сархати 5-6 банди якуми ин Фармон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуда, маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 690 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 620 сомонӣ муқаррар мегардад.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд. Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ба ҳисоби миёна аз 118 сомонӣ ба 136 сомонӣ ва барои донишҷӯёни аълохон аз 208 сомонӣ ба 239 сомонӣ расонида мешавад.

«Ҳамаи ин иқдомҳои неки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар  намудани  вазъи  моддии  аҳолӣ, дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ равона гардидаанд», — мегӯяд сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва шарти зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Юлдошов.

Сентябрь 19, 2020 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»