Дар деҳаи Гули сурхи шаҳри Роғун хирсбачаи 5-моҳаро наҷот доданд
РОҒУН, 01.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун дар асоси хабари фаврии сокинони деҳаи Гули сурхи Ҷамоати деҳоти Қади об як хирсбачаи тахминан 5-моҳаро, ки дар симтӯрҳои боғи хоҷагии деҳқонии «Зиёрат» дар монда буд, наҷот доданд.
Мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун Акобир Ҳасанов гуфт, ки «барои наҷот додани хирсбача модараш монеа мешуд ва ба наҷотдиҳандагон ҳамла мекард. Аз ин сабаб мо зиёда аз 15 нафар сокинон ва кормандони шуъбаро барои таъмини амнияти саломатии наҷотдиҳандагон дар атрофи хирсбача навбатдор мондем. Як гурӯҳи дигар хирсбачаро аз симхорҳо озод намуда, ба назди модараш ба ҷангал равон карданд».
Хирс аз оилаи ширхӯрҳо буда, ҳайвони бузургҷуса мебошад. Макони асосии зиндагии хирсҳо кишварҳои нисбатан салқин буда, дар биёбону кишварҳои тафсон зиндагӣ намекунанд. Муҳити минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон барои зиндагии хирсҳо мувофиқ буда, он боигарии табиати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






