Дар Душанбе ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад

Сентябрь 29, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 сентябр, дар Қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», ҷаласа таҳти раёсати  сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа масоили тавсеаи ҳамкории мутақобила дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, нақлиёт ва алоқа, энергетика, кишоварзӣ ва об, инчунин фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузор намудани ҳамоиши тиҷоратӣ ва ҷаласаи Шӯрои корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Акс аз бойгонӣ (ҷаласаи Шӯрои ҳукуматҳо (сарвазирон) -и давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе, соли 2018). АКСИ АМИТ «Ховар».

Сентябрь 29, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад