Дар Душанбе корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак шинос гардиданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел»-и Ӯзбекистон шинос гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуда буданд. Бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат байни ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати Ӯзбекистон «Artel Engineering and Management» ҷиҳати муайян намудани иқдомҳои минбаъда гуфтушунидҳо доир гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт мувофиқа ҳосил гардид. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба ва ташрифи роҳбарону мутахассисони ҳар ду ширкат якчанд маротиба ба шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд қарор қабул гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» корхонаи муштарак таъсис дода шавад.
Моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи «Артел Авесто Электроникс» дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат дар ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.
Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ раванди истеҳсолот дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи дуюми истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва обгармкунак истеҳсол мегарданд.
Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад, ки барои харидор ва истифодабаранда муфид арзёбӣ мегардад. Шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс» дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна 1500 сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон 9 нафар кормандони корхонаи муштарак соли 2019 зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда, бо тартиби идоракунии техника ва таҷҳизоти хати истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки ашёи хом шинос гардиданд. Бояд гуфт, ки дар корхонаи муштарак ҷиҳати ташкили шароити муносиб барои коргарону мутахассисон ошхонаи барҳаво бо хӯроки гарм, ҷой барои истироҳат муҳайё гардида, либоси махсуси корӣ, лавозимоти корӣ, бахусус бо дарназардошти вазъи кунунӣ тамоми кормандон бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин гардидаанд.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба раванди гузариши ҷумҳурӣ аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», инчунин ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, мусоидат менамояд. Ҳамзамон таъсиси корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс» ҷавобгӯи мувофиқаҳои роҳбарони олии ҳарду давлат буда, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстиву бародарона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳми бориз мегузорад.




















ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд






