Дар Лахш ҷамъоварии картошка оғоз гардид
ЛАХШ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Лахш то имрӯз зиёда аз 80 гектар картошказорро пурра ҷамъоварӣ намуда, аз ҳар гектар кишти картошкаи маҳаллӣ ба ҳисоби миёна то 250 сентнер ҳосил рӯёнда истодаанд.
Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки “имсол картошкапарварони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои кишоварзӣ дар майдони 5691 гектар картошка кишт намуданд. Ҳоло деҳқонон ҷаҳду талош доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд”.
Дар ноҳияи Лахш аввалин шуда, деҳқонони Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ва Ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба ҷамъоварии картошка шурӯъ карданд. Дар мавзеъҳои дашти Ҷиргатол ва Янгиёр ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёдтар буда, бо мусоид омадани боду ҳаво ҳосили фаровон рӯёнида мешавад.
Тибқи иттилои Нусратулло Латипов, имсол дар ноҳияии Лахш майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 992 гектар зиёд мебошад. Имрӯзҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеъҳо вобаста шудаанд, то деҳқонон ҳосили картошкаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Кишоварзони ноҳияи Лахш дар парваришу истеҳсоли картошка таҷрибаи ғанӣ доранд.
Ҳамасола деҳқонони ин минтақа бо тавсияи олимон аз роҳу усулҳои муосир ва навъҳои нави тухмии ба шароити мавзеъҳои баландкӯҳ мусоид истифода менамоянд.








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






