Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 cентябр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Душанбе – Арена» маросими ифтитоҳи марҳилаи 2 Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор гардид.
Тавре мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, марҳилаи 2 Фестивал аз 3 то 13 сентябр бо иштироки ғолибони марҳилаи 1 – ум, ки аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ, ибтидоии касбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе пешниҳод гардидаанд, доир мегардад.
Мақсад аз баргузор намудани Фестивали мазкур, пеш аз ҳама, самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, хусусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.
Марҳилаи ниҳоии Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони пойтахт аз рӯи 4 намуди варзиш: футболи хурд, волейбол миёни духтарон, шоҳмот ва гӯштини миллӣ доир шуда, мусобиқаи футболи хурд дар майдони варзишии «Душанбе – Арена», мусобиқаи волейбол миёни бонувон дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, мусобиқаи шоҳмот дар толори МД «Литсейи Роҳнамо» ва мусобиқаи гӯштини миллӣ дар толори МД «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба таэквандо» (мутобиқи ҷадвали бозиҳо) гузаронида мешаванд.
Ғолибони марҳилаи 2 – юм 15 сентябр муайян шуда, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо диплом, медал ва ҷом сарфароз гардонида мешаванд.








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






