Дар Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Сентябрь 24, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. 388 нафар ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ ба  даври вилоятии  озмун роҳхат гирифта, аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси вилояти Суғд  Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки «иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони мамлакатро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Ин иштиёқ метавонад ҳисси хештаншиносӣ, ​ ватандӯстӣ, ​ эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии сокинонро бештар намояд».​

Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён зикр дошт, ки «озмуни мазкур миёни сокинони ҷумҳурӣ маҳбубияти махсус пайдо намуда, назар  ба соли пешин шумораи иштирокчиён ба маротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо барандаи фарҳанги бою қадимӣ буда, ба гузаштаи худ арҷ мегузорад».

Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳозиринро бо ҳайати ҳакамон, ки иборат аз олимону суханварон, шоирону нависандагони мамлакат мебошанд, шинос намуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур се рӯз давом  карда, ғолибон 25 сенябр муайян мегарданд.

Сентябрь 24, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд