Дар Темурмалик сохтмони бинои баландошёнаи осоишгоҳ идома дорад

Сентябрь 17, 2020 08:18

ТЕМУРМАЛИК, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик сохтмони якчанд иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар маркази ноҳия ширкати сохтмонии «Строй-комплекс» ба бунёди  бинои баландошёнаи осоишгоҳ оғоз намуда, корҳои оҳану бетониро дар таҳкурсии иншооти мазкур  идома дода истодааст. Ширкати мазкур инчунин барои таъмини аҳолии маркази ноҳия бо оби ошомиданӣ обанбор ва бино барои полидани об  бо таҷҳизоти муосир бунёд намуда истодааст. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ ҳамчунин дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва хиёбону гулгаштҳои ноҳия  идома доранд.  ҶДММ «Ёхсу» бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба таъмири асосии бинои таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия шурӯъ намудааст. Бинои мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва барои барқарор намудани он аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода менамоянд.

Тавре  директори ҶДММ «Ёхсу» Пулод Юсуфов иттилоъ дод, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Шарифов бунёд гардида, дар корҳои сохтмонӣ беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ  ҷалб карда шуда буданд. Дар ин корхона, ки аслан маводи тиббӣ истеҳсол менамоянд, қоидаҳои беҳдоштӣ ҷавобгӯ ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ва тиббӣ қатъиян риоя карда мешаванд.

Таҷҳизоти корхона аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шудаанд. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дастпӯшакҳои яккаратаи тиббӣ аз санҷиш гузаронида шуда, сипас ба сехи банду баст равона мегарданд. Дар ин сех коргарон даспӯшакҳоро аз рӯи андозаҳояшон банду баст мекунанд.

Ба гуфти соҳибкорон, мақсади асосии бунёди чунин корхона дар давраи авҷи бемориҳои сироятӣ, хусусан КОВИД-19 таъмини муассисаҳои тандурустии мамлакат ва сокинон бо дастпӯшакҳои яккаратаи тиббӣ бо нархи дастрас мебошад. Зеро дар оғози сол ҳангоми авҷи КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ норасоии аксар номгӯи маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла ниқобу дастпӯшак ва маводи антисептикӣ эҳсос гардид, ки ҳамаи он маҳсулоти воридотӣ буд. Ҳоло бо фаъол намудани чунин корхонаҳо ин мушкилӣ паси сар мегардад.

Дар ин корхона инчунин истеҳсоли асо, асобағал ва чигасҳо низ ба роҳ монда шудааст.

Дар паҳлӯи корхона  барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи сокинони ноҳия сехи қаннодӣ низ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин сех кадбонуҳо 12 намуд маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол менамоянд. Роҳбарони ноҳия ва дигар меҳмонон ба соҳибкорон барои бунёди чунин корхона изҳори миннатдорӣ карда, зикр  намуданд, ки дар он беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Соҳибкорон мақсад доранд, ки минбаъд истеҳсоли намудҳои дигари маҳсулоти тиббиро ба роҳ монда, шумораи коргаронро афзоиш диҳанд.

Сентябрь 17, 2020 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд