ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Муъминобод 40 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Муъминобод 40 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Имрӯзҳо дар ҳавзаи интихоботии Муъминобод, №60 корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани интихоботи дарпешистода идома дошта, бо аҳолӣ оид ба иштироки фаъолонаи онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.
— Масъулин дар ин суҳбату вохӯриҳо муҳим будани ҳар як овозро дар интихобот ба сокинон фаҳмонида, зикр карданд, ки аз интихоби мову шумо ояндаи мамлакат вобаста аст. Аз ин рӯ, мо набояд нисбат ба тақдири ояндаи кишвар бетафовут бошем,-иброз дошт Бахтовари Диловар.
Мутобиқ ба маълумоти бақайдгирӣ, аз ҷониби участкаҳои интихоботӣ иштироки 47 772 нафар овоздиҳандагони эҳтимолӣ дар назар аст.