Китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ гардид

Сентябрь 2, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Уфуқҳои истиқлол» («Горизонты независимости»)-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Шоҳҷоизаи  Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб» гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Озмуни мазкур дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ду рӯз тариқи онлайн баргузор шуда, дар он аз 6 кишвари узви ИДМ- Федератсияи Россия, Арманистон,  Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон 75 китоб мавриди баррасии ҳакамон қарор гирифтанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассиса: Нашриёти «Ирфон» ва ҶДММ «Ношир» 5 китоби тозанашри хешро тибқи талаботи озмун манзури ҳакамон гардониданд.

Ҳакамон китобҳоро аз рўйи номинатсияҳои «Иттиҳод», «Кишвари ман», «Китоб барои кӯдакон ва ҷавонон», «Муколамаи фарҳангҳо», «Илм ва маориф», «Китоби мунаққаш (Арт-книга)», «Китоби дар иттиҳод нашршуда», «Санъати ороиш», «Ғалаба» ва «Шоҳҷоиза» муайян намуданд.

Дар номинатсияи «Кишвари ман» ҷойи сеюм ба китоби Турсунов Н. «История Худжанда». – Худжанд: «Ношир», 2019, дар номинатсияи «Илм ва маориф» ҷойи сеюм ба китоби Абдувалиева Ф.Р. «Учебно-методическое пособие по русскому языку для студентов всех специальностей Худжандского медицинского колледжа». – Худжанд: «Ношир», 2019, дар номинатсияи «Китоби мунаққаш» (арт-книга) ҷойи дуюм насиби китоби Исаев А., Шарифов М. «Таджикистан: Книга-альбом». – Душанбе: «Ирфон», 2019, дар номинатсияи «Шоҳҷоиза» (Гран При) китоби Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон «Горизонты независимости: Книга-альбом». – Душанбе: «Ирфон», 2020, сазовор дониста шуда, китоби Ҳамрохон З. «Золотая сокровищница таджиков: Фотоальбом». – Душанбе: «Ирфон», 2019,  бо дипломи махсуси номинатсияи «Кишвари ман» қадр карда шуд.

Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 инҷониб бо ибтикори Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои узв баргузор мегардад. Мақсади асосии Озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи кишварҳои ИДМ мебошад.

Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик», иборат аз 2 ҷилд дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки мукофотонидани ғолибони Озмуни XVII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ бо диплом ва ҷоизаҳои Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар доираи маросими тантанавии ғолибон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоби Москва аз 4 то 7 сентябр дар назар аст.

Сентябрь 2, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст