Маҳмадтоир Зокирзода ва Улуғбек Иноятов мулоқот намуданд

Сентябрь 21, 2020 13:31

ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҳарду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

«Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва муҳокимаи масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягии мо ба вуҷуд омад. Сафари Шумо ба Тоҷикистон таҷассуми равобити барқароршудаи мост ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем»,-гуфт дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз иқдомоти накӯи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид шуд, ки бояд ин анъанаҳоро ҳифз намуд, зеро Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.

«Мояи хушнудист, ки дар муддати кӯтоҳ мо метавонем муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав барорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои баӣналмилалии парлумонӣ рушд меёбанд»,-гуфт мавсуф.

Зикр шуд, ки дар доираи мулоқотҳо Президентҳои ду давлат дар Душанбе ва Тошканд беш аз 50 санади нав ба имзо расиданд. Ин нишонаи он аст, ки ҷонибҳо барои таҳкими равобити дуҷониба паҳлӯ ба паҳлӯи ядигар фаъолият мекунанд.

Дар ин ҳуҷҷатҳо майлу хоҳиши қадимӣ ва иродаи халқҳои бародари мо таҷассум меёбанд.

Дар ин робита имкониятҳои васеъ ҷиҳати амалисозии пурраи тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионии давлатҳо ва тақвияти мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона фароҳам оварда шудаанд.

Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки созишномаҳои бадастомада кор мекунанд. Ҳарду давлат раводидҳоро то 30 рӯз бекор ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро амиқтар карданд.

-Ҳамаи ин муваффақиятҳо,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,- бешубҳа, аз хирадмандии Сарони давлатҳои мо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, робитаҳои сатҳи баланди корӣ ва дӯстии наздики онҳо шаҳодат медиҳад.

Зикр шуд, ки дар шароити рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ваӮзбекистон муносибатҳои парлумонҳо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.

Муносибатҳои байнипарлумонӣ барои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ аҳамияти бузург доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарлумониро миёни ду давлат муҳокима намуданд.

Сентябрь 21, 2020 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд