«МАЪРИФАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ». ШСХК «Барқи Тоҷик» роҷеъ ба маданияти истифодаи неруи барқ даструрамал интишор намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июли соли равон бинобар кам гардидани оби обанбори Норак ба мардуми мамлакат Муроҷиатнома ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешуд:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд. Дар вазъияти имрӯза- ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар як оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд. Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз неруи барқро сарфакорона истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии об захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем».
Хушбахтона, имрӯз вазъи обанбори Норак муътадил буда, мушкилоти мавҷуда паси сар мешаванд. Вале мардум набояд фориғбол гардида, ба сарфи беҳудаи неруи барқ роҳ диҳанд.
Дар ин маврид бояд аз суханони зерини Сарвари давлат иқтибос оварем: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».
Роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» дар робита ба ин муроҷиатнома дастурамале доир ба фарҳанги истифодаи барқ, душвориҳои истеҳсол ва интиқоли он ва хусусиятҳои низоми энергетикии мамлакат таҳия намудаанд, ки инро метавон дар дарсҳои кушоди мактабҳову донишгоҳҳои мамлакат истифода намуд. Зеро ин тадбир дар таҳкими дарку фарҳмиши хонадагон ва раванди ба меъёри муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтани фарҳанги сарфакорӣ, хусусан дар истифодаи неруи барқ барои имрӯз ва ояндагон судманд хоҳад буд.
Сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иброз намуд, ки барои сохтани иқтидори нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як ё ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд.
Роҳи дуюм-ин сарафакорона истифода бурдани неру буда, наздиктарин ва осонтару арзонтар аст.
Ба зикри номбурда, имрӯз ҳар фарди сайёра барои истифодаи мақсаднок ва самараноки неруи барқ масъул буда, доштани маърифати баланди энергетикӣ роҳи ягонаи пешгирии истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, ки боиси камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 гардид, оби обанбори Норак то 17 метр кам гардида буд. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Муроҷиатнома аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш намуд, ки барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ саҳм гузоранд.
Дар шароите, ки аҳолии сайёра рӯ ба афзоиш ниҳода, корхонаҳои истеҳсолӣ бамаротиб зиёд шуда истодаанд, аҳамияти об ва талабот нисбат ба он сол то сол бештар гардида истодааст. Бахусус соҳаи энергетика, ки таъминкунандаи асосии неруи барқ ба ҳисоб меравад, имрӯз бидуни мавҷудияти захираҳои фаровони обӣ наметавонад ниёзи аҳолиро бо неруи барқ бароварда созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дороии захираҳои бузурги об дар минтақа ва ҷаҳон мебошад ва чунин афзалият имкон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилоти худ ва аксари кишварҳои минтақаро ба неруи барқ аз байн барад.
Нозир Ёдгорӣ зикр намуд, ки бо гарм омадани моҳи август аллакай обанбор дар ҳолати пуршавӣ қарор дорад. Ҳоло дар ягон гӯшаи мамлакат маҳдудияти барқ ҷорӣ нест, агар шаҳрвандони мо неруи барқро сарфакорона истифода баранд, дар зимистон маҳдудияти барқ ҷорӣ нахоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти неруи барқ пурра аз байн бардошт шуда, аҳолии мамлакат тамоми шабонарӯз пурра бо неруи барқ таъмин буданд.
Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон макони пиряхҳои бузурги тавлидкунандаи захираҳои об мебошад. Маҳз мавҷудияти захираҳои зиёди обӣ дар Тоҷикистон боис гардидааст, ки дар соҳаи энергетика мушкилоти неруи барқ бартараф гардад.
Ба андешаи Умед Давлатов, тибқи маълумоти СММ, ҳарчанд кишварҳои зиёд дорои неругоҳҳои барқи обӣ буда, аҳолиро бо неруи барқ таъмин мекунанд, аммо бо вуҷуди ин, таъминот бо он дар саросари олам қаноатбахш нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, аз рӯйи бузургии ҳаҷми гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷойи 8-ум ва аз рӯйи ҳаҷми хоси захираҳо мутаносибан ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол мекунад. Доштани захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат бидуни маҳдудияти неруи барқ чаҳор фасли сол, бахусус фасли сарморо сипарӣ кунанд. Чунин шароити созанда аз ҳар шаҳрванди мамлакат тақозо мекунад, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор буда, барои аз нав тавлид кардани он ҳаққи хизмати барқро сари вақт пардохт намоянд.
«Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон аҳолияшро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодааст, ки ин дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад»,- изҳор дошт Нозир Ёдгорӣ.
Мавсуф зикр намуд, ки сарфакорӣ аз гӯшаи маърифат аст, пас агар шахс бомаърифату бофарҳанг бошад, он гоҳ дар зиндагӣ сарфакор ва сарфаҷӯ мешавад. Инчунин ҳангоми аз барқ исифода бурдан бояд маблағи онро ҳатман пардохт намуд. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст. Ҳамчунин пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва нишонаи бовиҷдонии ҳар инсон аст.