Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид

Февраль 27, 2026 09:18

ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа  масъалаи   баргузории даври якуми озмун баррасӣ карда шуд. Аъзои ҳакамон вазифадор гардиданд, ки барои интихоби беҳтарин иштирокчии озмун саъю талош кунанд.

Тибқи низомнома, имсол даври якуми озмун нимаи моҳи апрел дар маркази шаҳру ноҳияҳои  ҷамҳурӣ доир карда шуда, иштирокчиёни  беҳтарин ба даври дуюм роҳхат мегиранд.

Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии ин озмун, ки дарёфти воқеии истеъдодҳои нав ва насли ҷавони тараннумгари дастовардҳои давлати соҳибистиқлоламон мебошанд, кӯшишу талош намоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2026 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд