Оғози сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории «Суғдиён-Свердловск»

Сентябрь 14, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд.

Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мебошад.

Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск»-ро ба истифода доданд.

Бо ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 миллиону 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро бо чӯҷаи якрӯза таъмин намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ барои таъмин кардани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ дар мамлакат аз хориҷи ҷумҳурӣ ба миқдори беш аз 3 миллион сар чӯҷаи якрӯза ворид карда мешуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкорони ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва ба фурӯш баровардани чӯҷаи якрӯза мебошад. Зоти ин мурғҳо «Декалб Уайт» буда, аз Федератсияи Россия оварда шудааст, ки ин зот ба ширкати ҳолландии «Хендрекс Ҷенетикс» тааллуқ дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки миқдори мурғи зоти падар-модар аз 15 ҳазор сар шурӯъ шуда, то охири сол ба 45 ҳазор сар расонида мешавад.

Иқтидори нигоҳдорӣ ва нигоҳубини мурғи тухмгузори тухми истеъмолӣ ба 141 ҳазор сар расонида шудааст.

Дар ин корхонаи парандапарварии навтаъсис муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад, дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск»-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо маблағи 15 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар баробари навсозӣ ва насби технологияи муосири соҳа ҳамзамон дар корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» озмоишгоҳи замонавӣ низ ташкил карда шудааст, ки дар он мутахассисони варзида ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳамзамон дар доираи корҳои бунёдӣ хати оби нӯшокӣ оварда шуда, барои кормандони корхона шароити хуби истироҳату фароғат ва ошхонаи замонавӣ муҳайё гардидааст.

Корхонаи муштарак дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби соҳибкорони ҳарду давлат бунёд карда шудааст.

Заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар доданд. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид.

Баъди ба фаъолият оғоз кардани Корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён-Свердловск» дар ноҳияи Мастчоҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Дар корхонаҳои истеҳсолие, ки дар ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, имкон фароҳам оварда шуд, ки рушди соҳаи саноат таъмин гардида, ба ин васила ҷойҳои кори нав таъсис дода шуда, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ марҳила ба марҳила баланд бардошта шавад.

Ҳудуди корхонаи парандапарварӣ ободу зебо карда шуда, гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда шинонида шудаанд.

Ифтитоҳи боз як корхонаи нави парандапарварӣ дар рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолӣ бо тухм ва гӯшти парҳезӣ мусоидат мекунад.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории “Суғдиён-Свердловск” 14.09.2020

Сентябрь 14, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд